Боздошти хонандагони мактаб, ки дар Душанбе авбошӣ карданд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти хонандагони мактаб, ки даст ба амалҳои авбошӣ задаанд, хабар дод.

Инҳо барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуданд:  

  1. Садулоев Фатҳулло Хайрулоевич, санаи таваллудаш 09.09.2006, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Набиев, хонандаи синфи 11-и МТМУ №99.
  2. Ҳабибулозода Сулаймон Мирзошо, санаи таваллудаш 25.10.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи К.Хуҷандӣ, хонандаи соли якуми Литсейи техникӣ.
  3. Мавлонназаров Интизор Гулмирзоевич, санаи таваллудаш 22.09.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимова.
  4. Қурбонов Эҳсон Шералиевич, санаи таваллудаш 05.02.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ю.Вафо хонандаи синфи 10 МТМУ №50.

Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки гумонбаршаванда Садуллоев Фатҳулло ҳангоми дар кӯчаи Балъамӣ, назди майдончаи варзишӣ қарор доштан, бе ягон асос як нафар ноболиғи ҳамсоли худро бо мушту лагат ва чубдаст мавриди латукӯб қарор додааст. Ин ҳолатро дигар ҳамроҳони ӯ мушоҳида намуда, барои содир намудани ин амали нангин ба номбурда мусоидат намудаанд.

Ноболиғи дигар Ҳабибулозода Сулаймон ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомӣ қарор доштан як нафар марди сархушро латукуб кардааст.

Ҳамзамон, номбурдагон амалҳои нангини худро ба навор гирифта, ҳамчун худнамоӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн кардаанд. Ин амали нангину ноҷавонмардонаи онҳо боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид.

Ҳоло вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *