Боздошти «капитан»-и дурӯғини Кумитаи амният

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дирӯз дар бораи боздошти «капитан»-и дурӯғини Кумитаи амният аз тариқи барномаи телевизионии шабакаи «Тоҷикистон» хабар паҳн кард.

Маркази матбуотии ВКД дар як сужети барномаи телевизиониаш дар шабакаи «Тоҷикистон» аз боздошти сокини 28-солаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Давлатмурод Азизов хабар дода, гуфтааст, ки ӯ барои бо роҳи қаллобӣ аз чанд шаҳрванди кишвар маблағи пулӣ талаб кардан боздошт гаштааст.

Д. Азизов қабл аз ин се маротиб суд шуда, бар асари авф ба озодӣ ҷавоб шуда будааст. Вай худро капитани Кумитаи амнияти давлатии миллӣ Негматов муаррифӣ карда, бо ваъдаи аз банди маҳбас наҷот додани наздиконашон  пул талаб мекардаст. Масалан, сокини ноҳияи Шаҳритус Тӯйчибой Тошев шоҳидӣ додааст. «Д. Азизов аз ман пурсид, ки писари ту дар маҳбас аст?» Гуфтам, ки «ҳа». Ӯ таъкид намуд, ки «тезтар биёед, писаратон  авф мешавад. Ман ба хона омадам. Ӯ ба ман гуфт, ки писарат 6 соли дигар дар ҳабс мемонад ва тавре суд муқаррар намудааст, ман бояд барои ҳар як солаш 1000 сомонигӣ ҷарима супорам. Бовар кардаму 4000 сомониашро ба дасташ додам. Д. Азизов ваъдаи оварда додани квитансияи пулро дод, аммо бо ҳамин ғайб зад».

Аз рӯйи ин ҷинояти  Давлатмурода Азизов парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи 247 КҶ Тоҷикистон  (қаллобӣ) боз шудааст, хабар медиҳад ВКД ҶТ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *