Боздошти Кибриё-тарс аз милитсия боиси даст кашидан аз даъво шуд
Кибриё Юлдошева, сокини ноҳияи Спитамен, ки кормандони милитсия ҳангоми пурсуҷӯ иҷборан луч кунонида буданд, аз даъвои худ даст кашид. Кибриё зани 33-солаи сокини ноҳияи Спитамен буда, модари 5 фарзанд аст.
Худи Кибриё Юлдошева мегӯяд, дигар ба онҳое, ки ӯро бараҳна бозпурсӣ карданд, бо вуҷуди бегуноҳияш як нафар зан, модари тоҷикро бараҳна ва беадабона саволборон кардаанд, дигар даъвое надорад. Сабаби асосии даст кашидан аз даъво ва додани баёноти номбурда тарсу ваҳм аст. Ба гуфтаи ӯ сари ин ҳодиса дигар баҳс надорад, зеро тарс ва бим дорад, ки вазъу ҳоли бе ин ҳам харобашро харобтар мекунанд. Ҳоло ӯ дар ҳолати сахти равонӣ гирифтор аст ва тавассути созмонҳои хайрхоҳона, ки ба чунин афрод ёрии равонию ҳуқуқӣ мерасонанд, табобати равонӣ гирифта истодааст.
Чаро Кибриё боздошт шуд?
Кибриёро моҳи майи соли ҷорӣ ба иттиҳоми тақаллуби ҳуҷҷат кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Спитамен боздошт карда буданд. Баъдан номбурда мавриди таҳқири кормандони милитсияи ноҳияи номбурда қарор гирифт. Ба гуфтаи Юлдошева, ӯро се корманди шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Спитамен бозпурсӣ кардаанд. Вале қабл аз оғози бозпурсӣ “бо ин баҳона, ки ӯ дар либосҳояш дастгоҳи сабти садо надошта бошад, маҷбур карданд, тамоми либосҳояшро бадар кунад. Кибриё Юлдошева он вақт гуфт, ки кормандони милитсия ба баданаш даст нарасонданд, вале нигоҳу рафтор ва шеваи бозпурсиашон таҳқиромез ва бараҳна бозпурсӣ шудан барояш хеле дардовар буд. Юлдошева бошад, чанд соат ба саволҳои милисаҳо дар ҳолати бараҳнагӣ посух додааст.
Дар бораи даст кашидани Кибриё Юлдошева аз давъои худ алайҳи кормандони милитсия, ки вақти бозпурсӣ ӯро бараҳна кардаанд, як корманди Прокуратураи вилояти Суғд рӯзи 20 июл дар ҷараёни нишасти хабарии нимсолаи ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд хабар дод. Рустам Раззоқзода, сардори шуъба дар прокуратураи вилояти Суғд дар ин нишаст ба хабарнигорон гуфт:-“Юлдошева дар баёноташ қайд кардааст, ки маълумотҳои пештар дарҷкардаашро дастгирӣ намекунад. Нисбати ӯ аз тарафи кормандони ШКД ягон амали ғайриқонунӣ ва зӯроварӣ ба кор бурда нашудааст. Айни ҳол тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Юлдошева аз ҷониби шуъбаи корҳои дохилии Спитамен идома дорад”.
Манзури корманди прокуратура – “қаллобӣ” аст, ки мақомоти корҳои дохилӣ қабл аз моҷарои бараҳна кардани зан, яъне Юлдошеваро дар ин иттиҳом гумонбар карда буд. Бинобар ин иттиҳом, гӯё Юлдошева бо санади шахси дигар аз бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” қарз гирифтааст.
3 моҳи талошҳо натиҷае набахшид
Ба гуфти Кибриё Юлдошева нисфирӯзии 3-уми май дар утоқи шуъбаи корҳои дохилии Спитамен се корманди милиса ӯро бозпурсӣ карданд, ҳамзамон кормандони пулисе, ки ин занро бараҳна бозпурсӣ кардаанд, тафтиши парвандаи ӯро давом медиҳанд.
Билохира шикояташ натиҷае ба бор наовард ва ҳоло баъд аз 3 моҳи ҳодиса ва талошу даводавҳо ба мақомот дигар аз кашидани ходимони пулисе, ки ӯро зимни бозпурсӣ бараҳна карданд, дилсард гардид. Дигар на саломативу тавон ва на дигар хоҳиши идомаи додхоҳӣ надорад: —“Ман дигар даъвое надорам, ҳаволаашро ба Худо месупорам. Дигар даркор нест давутозҳои бенатиҷаву хастакунанда. Бе ин ҳам хеле хаста шудам. Саломатиамро аз даст додам. Ман 5 фарзанди хурдсол дорам ва онҳо бепардар монданд, агар онҳо маро ҳабс кунанд, ҳоли кӯдаконам чӣ мешавад?”
Юлдошева агарчӣ аз байн се моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол баробари ба ёд овардани бараҳна бозпурсӣ кардани масъулини мақомоти милитсияи ноҳияи Спитамен азоби равонӣ мекашад. Кибриё тӯли ин се моҳ аз сабаби парешонхотирӣ ва паст шудани фишори хун дар роҳи равону рӯи ҳавлӣ низ афтидаву ҷароҳатҳо бардоштааст. Ин ҳолро худи ӯ чунин нақл кард: —“Боре пеши чашмонам сиёҳу торик шуд ва ба замин задам. Қабурғаам шикаст. Духтур гуфт, ки фишори хунам хеле паст шудааст. Ҳоло ба табобати он машғулам.”
Болои сӯхта намакоб
Айни замон Юлдошеваро на танҳо ҳодисаи се моҳ қабл рухдода, балки нодорӣ низ зиёд азият медиҳад. Ба гуфти ӯ қаблан вакили дифоъ аз ӯ ҳимоят мекард. Ҳоло аз нодорӣ аз хидмати ӯ даст кашидааст, ки ин ҳол “болои сӯхта намакоб”-ро мемонад. Бори аввал нест, ки дар интернет сабти видеоии зани бараҳна ва дар ҳолати ҳақиру таҳқиромез нашр мешавад. Масалан, оғози моҳи июл дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон корманди милитсия занеро, ки дар дуздӣ гумонбар мешуд, ба идораи милитсия оварда, ӯро дар ҳолате ки наворбардорӣ мекард, маҷбур кард бараҳна шавад. Дар пайи ин моҷаро милитсия озордиҳанда боздошт шуд. Бархе мегӯянд, маҳз аз роҳи пахши озоди ин наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд таваҷҷуҳи мақомоти баландпояро ба мушкилот дар маҳалҳо ҷалб кард, то бинанду донанд, ки дар минтақаҳои дурдаст ҳолат чӣ гуна аст. Шояд баъди ба ҷашми худ дидану бо гӯши худ шунидан сари ин масъалаи “доғ” нохуни таҳлил бизананд?
Фарзона Муродӣ
Хуҷанд-Спитамен-Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ