Боздошти Коляи тоҷик. Магар ӯ бо айби духтар “подстава” шуд?
Блогери шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Комрон, ки бо тахаллуси “Коля Таджик” (“Коляи Тоҷик”) машҳур аст ва бо ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла аз корфармоёни беинсоф кашида гирифтани ҳақи заҳмати тоҷикҳо ном бароварда буд, дар Русия бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва одамрабоӣ дастгир шудааст.
Аммо блогерҳои дигари тоҷики муқими Русия бо нашри як муроҷиатнома гуфтанд, ки “Коляи Тоҷик” қурбони “подстава” аз ҷониби як духтари тоҷик шуд, ки аз вай барои рӯёндани пулаш кумак хоста буд.
Муаллифони ин муроҷиатнома мегӯянд, ки “Коляи Тоҷик” рӯзи 4-уми октябр дар шаҳри Литкарино, як шаҳри бандарии воқеъ дар соҳили дарёи Москва, дар ҳамагӣ 6-километрии ҷанубишарқи МКАД ва 10-километрии шаҳри Любертсии вилояти Маскав дастгир шуда, додгоҳи Любертси ӯро рӯзи 5-уми октябр барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Ба гуфтаи блогерҳо, як духтари тоҷик ба “Коляи Тоҷик” муроҷиат карда, гиряву нола кардааст, ки гӯё як марди зодаи Ӯзбекистон 400 ҳазор рубл пули ӯро намедиҳад. Баъдан маълум шуд, ки иддаои ин духтар асос надоштааст, вале ӯ тавонистааст “Коляи Тоҷик”-ро, ки зудбовар буд ва барои дифоъ аз тоҷикҳо, бахусус аз хоҳарони тоҷик ҳамеша омода буд, бовар кунонад ва барои рӯёндани пулаш ба пеши он марди ӯзбекистонӣ фиристад. Аммо лаҳзаи “разбор” ё бигӯ-бигӯи “Коляи Тоҷик” бо он мард ба дурбини видеокамераҳои назоратӣ афтодааст ва ӯро бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва одамрабоӣ дастгир кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ