Боздошти мансабдор бо айби ҳамла ба фаъоли ҷамъиятӣ
Хадамоти мубориза бо фасоди Қазоқистон ҳокими пешини Панфилов Нургалӣ Аппазовро бо айби ҳамла ба фаъоли ҷамятӣ Галина Арзамасова боздошт кард.
Додгоҳи ноҳияи Талгари Қазоқистон 14 январ баррасии парвандаи ҳамлаи мусаллаҳона ба фаъоли маданӣ Галина Арзамасоваро идома дод.
Дар доираи ин парванда собиқ раиси ҷамоати деҳоти Панфиловои Талгар Нургалӣ Аппазов ва ронандааш Ғанӣ Сманов ба ҳайми гумонбар иштирок доранд. Зидди онҳо бо бандҳои «Авбошӣ» ва «Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ» айб эълом шудааст.
Додситон Дамир Дархонбоев дар мурофиаи рӯзи сешанбе гуфт, Аппазов аз соли 2017 то соли 2019 бо мақсади тарсонидан ба афроди гуногун пул медодааст, то ба Арзамасова ҳамла кунанд. Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2017 афроди ношинос ба назди хонаи Арзамасова омада, ӯро ба берун даъват ва латтукӯб кардаанд. 7 июли соли 2019 шахсони номаълум хостаанд, мошини ӯро оташ зананд. Вале Аппазов ва Сманов иддаи додситонро рад карданд.
Дар мурофиаи пешин вакилони дифои ҳар ду ҷониб гуфтанд, ки бо айбнома розӣ нестанд ва парванда барои баррасии дубора ба додситонӣ фиристода шавад. Вакили дифои гумонбар мегӯяд, дар рафти тафтиши парванда қонунгузории Қазоқистон нақз шудааст.
Вакили дифои ҷониби ҷабрдида аз додгоҳ хост, яке аз бандҳои парванда аз «Авбошӣ» ба «Куштори барқасдона» иваз карда шавад.
Галина Арзамасоваи 63-сола 26 августи соли гузашта низ дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Талгар мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Худи Арзамасова гуфт, ӯро бо силоҳи пневматӣ паронданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ