Боздошти Манучеҳр Шеров. Ӯ бо табар ба кормандони милитсия ҳуҷум карда буд

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон аз боздошти Манучеҳр Шеров, ки якҷо бо аъзои гуруҳи ҷиноятии Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кормандони милитсияро бо табар захмдор карда буд, боздошт шудааст.

Тавре Раёсати ВКД дар ВМКБ иттилоъ додааст, номбурда 14-уми ноябри соли 2021, тахминан соатҳои 13:30 дақиқа, дар якҷоягӣ бо аъзои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир, Шаъбонов Ҷамшед ва дигарон дар пости маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ бо табар ҳуҷум карда, захмдор намуда буд. Аз санаи 9-уми декабри соли 2021 нисбаташ парвандаи ҷустуҷӯӣ таҳти №4382 оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

“Шеров Манучеҳр Мисжитович, соли таваллудаш 23.04.1986, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи М. Иҷубов, хонаи 51, нисбаташ аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ таҳти №27534 бо модаҳои 237 қисми 3 банди «а» ва 330 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст”, — иттилоъ додааст манбаъ.

Қаблан аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ ба Шеров Манучеҳр Мисжитович 4 маротиба даъватнома ҷиҳати ҳозир шудан барои пурсиш фиристода шудааст, вале номбурда аз даъват саркашӣ намуда, ягон бор ҳозир нашудааст.

Инчунин, чандин маротиба оид ба ихтиёран ба мақомот ҳозир шудан, ки ҳангоми таъиноти ҷазо ин ҳолат ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба назар гирифта мешавад, огоҳ гардида, аммо онро рад намуда буд.

Ҳоло ҳаракатҳои тафтишотӣ аз тарафи Прокуратураи вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *