Боздошти марди 60-сола бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси ҷияни 13-солаи завҷааш
Як сокини 60-солаи шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон дар дастдарозӣ ба номуси ҷияни 13-солаи ҳамсараш айбдор мешавад. Ба гуфтаи табибон, хонандаи синфи 7-ум дар 18-умин ҳафтаи ҳомиладорӣ қарор дорад.
Дар ин бора раиси яке аз маҳаллаҳои шаҳри Андиҷон хабар дод. «Рӯзи сешанбеи гузашта ҷаласаи раисони маҳаллаҳо баргузор шуд. Сардори пулиси шаҳр Шуҳрат Парпиев гуфт, як хонандаи синфи 7-ум аз шавҳари холааш ҳомиладор аст. Духтар падар надорад, модараш ӯро дар назди хоҳари худ гузошта, барои кор ба Русия рафтааст», — изҳор дошт ӯ.
Як манбаъ дар пулиси вилояти Андиҷон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бо банди «Таҷовуз ба номус» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Вале гумонбар дастдарозӣ ба номуси ҷияни ҳамсарашро рад мекунад.
«Феълан ин мард ба ҳайси гумонбар бозпурсӣ мешавад. Агар гуноҳи ӯ собит шавад, ба ҳабс гирифта хоҳад шуд», — афзуд манбаъ.
Мудири яке аз мактабҳои Андиҷон мегӯяд, баъд аз изҳороти пулис дар тамоми мактабҳои шаҳр санҷиши бакорати хонандагон оғоз шудааст. «Табибон ба мактабҳо омада, бар ивази се ҳазор сом бакорати хонандаро месанҷанд. Ҳамчунин ба мо амр шуд, ки бо падару модарон суҳбат кунем ва хонандаҳоеро, ки волидонашон дар хориҷанд, ба қайд бигирем», — гуфт мудир.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ