Боздошти мудири коллеҷ бо ҷурми таҷовузи дониҳҷӯдухтарон

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон таҳқиқи парвандаи таҷовузи донишҷӯдухтарони коллеҷи шаҳри Қуқандро шуруъ карданд.

Ба гуфтаи як манбаъ, коргарони коллеҷи мазкур ба бозпурсӣ даъват шудаанд.

«Баъди дараёфти хабари ҳомилагии духтари 16-сола миёни донишҷӯён пурсиши пӯшида анҷом шуд. Дар ҷараёни ин пурсиш чанд донишҷӯ ба таври пӯшида хабар доданд, ки дар коллеҷ мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтаанд», — гуфт манбаъ.

Додситонии шаҳри Қуқанд 15-20 октябр вазъи молӣ ва тарбиявии коллеҷро санҷид. Дар натича мудири коллеҷи мазкур бо гумони исрофкории маблағҳои давлатӣ ва сӯистифодаи мақом, ронанда ва муҳофизи мудир, инчунин роҳбари ҷавонон ва равоншиноси коллеҷ бо айби озори ҷинсӣ боздошт шуданд.

«Аксари боздоштшудаҳо бар ивази гарав озод шуданд. Танҳо мудири коллеҷ дар боздошт аст», — гуфт як манбаи дигар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *