Боздошти муллои бачабоз аз н. Рӯдакӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Иқбол Раҷабов, сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, хабар дод, ки барои дастдарозӣ ба бачаи ноболиғ муттаҳам мешавад. Мақомот мегӯянд, Раҷабов маълумоти динӣ дошта, то замони боздошташ дар масҷиди деҳаи Қулписта ба тиловат машғул буд.

“Иқбол Раҷабов тӯли 5 моҳ писарбачаи 8-соларо бо роҳи фиреб ба ҷойҳои пинҳонӣ бурда, бо истифода аз оҷизии ноболиғ нисбаташ амалҳои бадахлоқонаи дорои хусусияти шаҳвонӣ содир кардааст”,-мегӯянд мақомоти Вазорати умури дохилӣ. Ба қавли онҳо, ин амали Раҷабов баъд аз он ошкор гардид, ки модари ноболиғ аз амали гумонбаршуда огоҳ шуда, ба Шӯъбаи умури дохилии рақами 2-и ноҳияи Рӯдакӣ шикоят бурдааст.

Чанде пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як “муллои қасидахон” ё “ҷинбарор” аз ноҳияи Панҷро ба иттиҳоми куштори як мизоҷаш дастгир карда буд. Ин ниҳод мегӯяд, Абдулвоҳид Қодирови 49-сола, сокини ноҳияи Панҷ, дар қатли Руҳуллоҳи 19-сола, гирифтори бемории руҳӣ гумонбар дониста мешавад. Абдулвоҳид Қодиров аз соли 2008 то замни боздошташ ҳамчун табиби мардумӣ ё муллои қасидахон фаъолият доштааст.

Қабл аз ин, Асадулло Иброҳимов, сокини маҳаллаи Лучоби пойтахт, маъруф бо номи “муллои ҷодугар”, боздошт ва зиндон маҳкум гардид. Иброҳимов дар зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта ва фиреби духтарон, ки гӯиё тавассути дуохонӣ соҳиби фарзанду шавҳар мегарданд, муҷрим дониста шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *