Боздошти муллои фосиқи навбатӣ

Чуноне дар сомонаи ВКД хабар дода мешавад,дар натиҷаи коркард ва чорабиниҳои оперативӣ кормандони Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташккили ВКД дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор муллои мардумфиребу бадахлоқ Дустмуродов Ризоқул Хушмуротович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Шаҳринавро ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ ва кирдорҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта, дастгир намуданд.

Ризоқул Дустмуродов дар ягон донишкадаи исломӣ таълимоти динӣ нагирифта, аз гуфти худаш чанд муддат дар назди кадом як домуллое сабақ гирифтааст. Дар кирдорҳои минбаъдаи ин муллои бадахлоқ ошкор гардид, ки ӯ кардани оятҳои Қуръонро ба хотири манфиати шахсӣ аз ёд кардаасту халос. Дар манзили зисти худ воқеъ дар ҷамоати Акрамалӣ Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав ба қасидахонӣ, ҷинбарорию таштобу туморнависӣ ва ба сеҳру ҷодугарӣ машғул шуда, мизоҷони ӯ бахусус бонувон мисли худаш гумроҳону хурофотпарастон ба фиребу найрангҳои ин бадахлоқ бовар карда, оқибат мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтаанд.

 Аз ҷумла, шаҳрванд А.Г., сокини ноҳияи Шаҳринав ба қавле барои кушоиши бахт ба ин муллои  фосиқ бовар карда, Мулло Ризоқул мехост ҳарчи зудтар аз сайди ба дастомада истифода кунад. Ин муллои бадсиришт барои ром кардани А.Г. аз ӯ ашё ва пусти ҳар гуна ҳайвонҳои нодирро барои навиштани тумор талаб мекард. Ӯ хуб медонист, ки ин нафари корафтода ҳеҷ гоҳ барои пайдо кардани пусти оҳу имкон надорад. Аммо асли воқеа дигаргуна аст…

Мулло Ризоқул шаҳрванд А.Г.-ро бо баҳонаи он ки гӯё дар вилояти Суғд шинос дорад, пусти оҳуро аз онҷо пайдо карда, барои кушоиши бахт тумор менависад, А.Г.-ро  барои бо худ бурдан ба шаҳри Хуҷанд розӣ кардааст. Вале мақсади сафар ба шаҳри Хуҷанд на дарёфти пусти оҳу, балки макони мувофиқ барои қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ буд.

Ҳамин тариқ номбурда А.Г.-ро ба меҳмонхонаи «Ленинобод» бурда, ба об ҳабҳои мадҳушкунандаро омехта намуда, ба ӯ қайтарма гуфта, нушонда, сипас ба номусаш дастдарозӣ кардааст

  Нафаре, ки бо умеду ихлос ва соҳиббахт шудан ба дуову таштоби ин муллои фосиқ бовар дошт ва ӯро домулло ном мебурд, акнун аз дасти ӯ бадбахттарин нафар гардид.

Зораву тавалло ва гиряҳои А.Г. пеши назари ин девсиришт арзише надошт. Ризоқул на он нафаре буд, ки қаблан дар масҷиди деҳ ҳамчун имомхатиб амал мекард, балки як нафар бадахлоқу зинокор буд. Бо исрор талаб кардани номуси аз даст рафта ва эҳтимоли ошкоршавии бадахлоқиҳои  мулло аз ҷониби А.Г., мулло Ризоқулро ҷои оне, ки ба худ меовард, вале баръакс  нафси шаҳвонии мулло  рӯз то рӯз авҷ гирифта, дар манзили зисти худ ин амали зиштро содир мекард.

Мулло Ризоқул барои рӯйпуш кардани кирдорҳои бадахлоқонаи худ дигар илоҷе наёфта, ҷои он, ки дар устувории бахти хонаводагии писараш Дустмуродов Аскар мусоидат мекард, баръакс бо тавсияи падари бадахлоқаш ҳамсари собиқашро, ки бениҳоят дӯст медошт, ӯро талоқ додааст.

Акнун мулло Ризоқул ба писараш нафареро хостгорӣ кардааст, ки қаблан мавриди истисмори шаҳвонии худ қарор дошт. Ин муллои фосиқу ҷоҳил, худ бе ягон шоҳид ва надонистани хутбаи никоҳи мусулмонӣ А.Г.-ро ба писараш Аскар Дустмуродов никоҳ карда, писарашро аз воқеияти ҳол огоҳ кардааст, ки гарчанде ин дар никоҳи ту бошад ҳам, вале ту бо А.Г. муносибати оиладорӣ накун.

Мулло Ризоқул шаҳрванд А.Г.-ро ба писараш никоҳ карда бошад ҳам, вале муносибати разилонаю фосиқонаашро қатъ накарда, А.Г.-ро мавриди шиканҷаву озори шаҳвонӣ қарор медод. Ҳатто аз гуфти худи А.Г. ба ӯ таҳдид карда, то ба ҳадди куштан расонидааст.

Аскар Дустмуродов писари мулло Ризоқул бо супориши падар аз бахти хонаводагиаш маҳрум гардида, ӯ аз амалҳои фосиқонаи падараш тоқат накарда, тарки Ватан карда, пас аз 8-моҳ тавассути телефон А.Г.-ро талоқ додааст.

Ҳангоми азназаргузаронии манзили зисти Дустмуродов Ризоқул хусусан аз ҳуҷрае, ки ӯ корафтодагонро қабул мекард, адабиётҳои гуногуни мазҳабӣ, нусхаҳои тумору таштоб, пусти оҳу ва металли тунука, ашё ва дигар аломатҳое, ки нишонаҳои хурофотпарастӣ доранд, инчунин рифолаҳо, ки бадахлоқии ин фосиқро бори дигар собит месозанд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Мулло роҳу усулҳои халосиро меҷӯст, то кирдорҳояш байни ҷомеа овоза нагарданд. Ахиран мисли худ бадахлоқу мардумфиреберо пайдо кард, ки ӯ гӯё бо дуо ва истеъдоди беназири худ ба ҳама кор қодир аст. Дар ин асно  нафари манфури дигаре бо амалу кирдори мардумфиребонаи худ чеҳранамоӣ кардааст, ки ин Саймиддинов Фатҳиддин Ҳусниддинович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ҳисор  мебошад.

Қорӣ Фатҳиддин бо макру найрангҳои хоси худ маблағҳои зиёди шаҳрвандонро аз они худ кардааст. Аз ҷумла, бо миёнаравии Мулло Ризоқул шаҳрванд Саидмуродов Мурод, сокини ноҳияи Шаҳринавро ба доми худ афканда, гӯё барои баргардонидани бародари Саидмуродов М. аз давлати Сурия Қорӣ Фатҳиддин бо дуо ӯро ба Тоҷикистон бармегардонад.

Инчунин, аз ҳисоби маблағҳое, ки Мурод Саидмуродов аз филиали бонки «Имон-интернешнл» дар ноҳияи Шаҳринав ба ивази гарав гирифта буд, онҳоро мулло Ризоқул ба Қорӣ Фатҳиддин додааст.

Қорӣ Фатҳиддин бошад, пас аз дастгир шуданаш, иқрор шуд, он маблағҳоеро, ки бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон ба даст меовард, барои бунёди манзили зисташ сарф кардааст. Ва он ваъдаву чархатобдиҳӣ ва туморҳои додаашро танҳо найранг медонаду халос. Тааҷҷубовар аст, ки ин ду мардумфиребу бадахлоқ, ки худро пуштибони дин, аъзоёни фаъоли ҲНИТва шахсони ботақво дар ҷомеа вонамуд мекарданд, яке ба фосиқӣ ва дигаре ба нашъамандӣ машғуланд.

Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии Қорӣ Фатҳиддин дар паҳлӯи китобҳои мазҳабӣ тумору таштоб ва як адад сигорети тамғаи «Беломор», ки дар дохилаш бангдона ҷойгир буд, дарёфт гардид.

Айни замон, нисбати ин ду нафар аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав мутобиқи моддаҳои 247 қисми 3 ва 347 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

8 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *