Боздошти муллои занҷаллобу мардумфиреб дар Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти муллои мардумфиребу занҷаллоб хабар дод. Ӯ истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

Дар навори ВКД гуфта мешавад, ки Қорӣ Раҷаб ба ҳар хонае бо мақсади дуохонӣ мерафт, занеро ба никоҳи худ медаровард. Ҳоло ин мард соҳиби се зан буда, аз ҳисоби онҳо зиндагии худро пеш мебарад.

Қорӣ Раҷаб дар ягонҷо таҳсили динӣ надидаааст, вале дар масҷиди “Қазоқон”-и ноҳияи Сино ҳамчун қорӣ фаъолият доштааст.

Мулло Раҷаб дар маҳфило ба қавле мардумро панду андарз, аз инсофу адл гуфта, худ ғуломи нафс шудааст. Ӯ ҳатто ҳамсарони ёру дӯстони худро ба худ никоҳ кардааст.

Тафсилоти бештар ва навори ин муллову ҳаммаслаконаш дар  телеграмканали Pressa.tj аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *