Боздошти муовини пешини раиси дастгоҳи президент

Расонаҳо аз боздошти собиқ муовини раиси дастгоҳи президенти Қирғизистон Алмамбет Салиев бо гумони «ҷамъоварии ғайриқонунии сарват» хабар доданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, Салиев аз пуштибонии президенти собиқи он кишвар Сооронбек Ҷеенбеков сӯистифода карда, ба кори низоми додгоҳӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои давлатӣ дахолат ва аз «манфиатҳои ширкатҳои хусусӣ бар зарари давлат» ҳимоят мекардааст.

Гуфта мешавад, ки боздоштшуда дар давраи фаъолияташ ба ҳайси хидматчии давлатӣ амволеро ҷамъоварӣ карда, ки гӯё бо даромади расмии ӯ созгор нестанд ва пулҳои худро дар як ширкати сохтмонӣ ва бунёди баландошёнаҳои зист дар Қирғизистон сармоягузорӣ мекардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *