Боздошти ноболиғи 16-сола барои тасарруфи мошину телефон дар Душанбе
Мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси шикояти як сокини шаҳри Душанбе ноболиғи 16-соларо, ки мошини тамғаи “Лексус” ва як телефони дастиро рабуда буд, боздошт кардааст.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ сокини 32-солаи пойтахт дар хусуси рабудани як адад телефони мобилӣ ва воситаи нақлиёти тамғаи “Лексус”, ки дар назди хонаи истиқоматиаш қарор доштааст, муроҷиат кардааст.
“Дар натиҷа, бо гузашти ҳамагӣ чанд соат, ҳамчун гумонбар ноболиғи 16 сола сокини шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ҳоло таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ