Боздошти ноболиғон дар Душанбе бо гумони дуздии пул

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе се ноболиғро бо гумони дуздии маблағ боздошт карданд. Ба иттилои тафтишот, сокинони 15-солаи пойтахт – З.С., А.К. ва У.М. – бо истифода аз абзори оҳанини худсохт терминалҳои қабули пардохтро дар ноҳияи Фирдавсӣ шикаста, маблағҳоро дуздидаанд.

Тибқи маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаби 11 март ин гурӯҳ терминали бонки «Эсхата»-ро рахна намуда, зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ аз он гирифтаанд.

Феълан тафтишот идома дорад ва иштироки онҳо дар ҷиноятҳои шабеҳ санҷида мешавад.

Навор дар телеграмканал: https://t.me/pressatjk

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image