Боздошти полковник Ваҳҳобзода

Полковник Баҳодур Ваҳҳобзода, сардори шуъбаи корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб ҳамроҳи ду тан аз зедастонаш  дар назди бозори «Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани пора аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия дастгир шудаанд.

Ваҳҳобзода ва зердастонашро  ҳангоми аз як нафари гумонбар бо исми Бозор, ки   ба қочоқи маводи мухаддир машғул будааст, гирифтани 9000 сомонӣ пора дастгир кардаанд.

Худи Бозор низ бо вуҷуди ба мақомот хабар доданаш барои гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир шудааст.

Баҳодур Ваҳҳобзода, зодаи шаҳри Конибодом буда, қаблан дар мақомҳои сардори милисаи шаҳри Чкалов (ҳоло – Бӯстон) ва муовини аввали сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд кор кардааст. Ӯ ҳамагӣ чанд моҳ пеш сардори шуъбаи корҳои дохилии навоҳии минтақаи Кӯлоб таъйин карда шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *