Боздошти Ралик барои нашри наворҳои таҳқиромез
Рамазон Муродов (Ралик), сокини шаҳри Душанбе барои нашри наворҳои дорои таҳқиру туҳмат боздошт шуд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, 23-юми июл барои дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграмм» нашр намудани наворҳои пур аз таҳқиру буҳтон нисбати кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Муродов Рамазон Ҳоҷиевич (Ралик), санаи таваллудаш 21.12.1998, сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурда аз сабаби истеъмоли воситаҳои нашъадор дар ҳолати ниҳоят сахти мадҳушӣ қарор дошта, наворҳои мазкурро низ дар ҳолати мадҳушӣ сабт ва нашр кардааст.
Гуфта мешавад, ки номбурда ҳамчун нашъаманд дар қайди Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои наркологӣ» қарор дорад.
— Ҳолати мазкур мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дошта, маводҳои зарурӣ тартиб дода шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ