Боздошти роҳбари «Бинокор Иқбол» барои фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ

Кормандони мақомоти милитсияи Суғд роҳбари ҶДММ «Бинокор Иқбол»-и ноҳияи Мастчоҳро бо гумони фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ дастгир карданд. Ӯ 40 сол дошта, дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ доштааст.  

Гумонбаршаванда давоми ду соли охир бидуни бақайдгирӣ ва надоштани иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ машғул шуда, аз маблағҳои интиқолдодааш 1%-и маблағҳои воридгардидаро, ки 4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ҳамчун подошпулӣ гирифтааст.

Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *