Боздошти ронанда Саъдуллоев барои қоидавайрокунӣ

Раёсати ВКД-и Душанбе аз боздошти сокини пойтахт Умар Саъдуллоев хабар дод, ки номбурда қоидаи ҳаракати роҳро дағалагона варойн кард.

Пас аз ирсоли сабти видеоии қоидавайронкунии ин ронанда аз ҷониби як шаҳрванд дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.

Дар навори видеоӣ дида мешавад, ки Саъдуллоев ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Неъмат Қарабоев бо мошини худ худ сафолакҳои ороишии роҳи пиёдагардро зер намудааст. Яъне, аз ҷойи номуайяншуда роҳро убур ва қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон кардааст.

Ин ронанда 30-сол дошта, қоидаи ҳаракат дар роҳро бо автомашинаи навъи “Toyota” вайрон кардааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Умар Саъдуллоев тибқи талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *