Боздошти ронандаи 9-сола, маводи мухаддир ва силоҳ
Пулиси вилояти Ровнои Украина мошини сабукраверо боз дошт, ки пушти фармон як тифли 9-сола менишаст. Аз дохили мошин аслиҳа ва маводи монанд ба мухаддир пайдо шудааст.
Ин ҳодиса дар наздикии деҳаи Опарипси вилояти Ровно рух дод. Пулис мошини навъи Jeep Grand Cherokee-ро манъ кард. Кӯдак гуфт, падари 33-солааш ба вай идораи мошинро бовар кардааст. Падари вай низ дар дохили мошин буд.
Пулис аз пайдо шудани аслиҳа дар дохили мошин ба тааҷҷуб афтод. Падари кӯдак иҷозаи доштани аслиҳаро надорад. «Ин ҳанӯз ҳамаи моҷаро набудааст», — навиштааст пулис дар саҳифаи Фейсбук.
Кӯдаки 9-сола хост ба дастшӯӣ баравад ва дар масофаи роҳ то дастшӯӣ талош кард, халтаи дорои 25 қурсро, ки эҳтимол маводи мухаддир аст, партояд.
Мард ҷарима ва кӯдак ба модараш баргардонида шудааст. Пулис таҳқиқро идома медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ