Боздошти ронандаи “Olu4a Taxi» барои таҳқири духтар
Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар асоси муроҷиати як ҷавондухтар ронандаи ширкати «Olu4a Taxi»-ро боздошт намуданд.
Бино бар иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, духтар бо ирсол намудани расми автомашинаи тамғаи Хундай рақамҳои қайди давлатиаш 1953 ТТ 05 мусофирбари ширкати «Olu4a Taxi» аз кормандони милитсия хоҳиш намудааст, то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.
«Ба иттилои муроҷиаткунанда санаи 22-юми майи соли 2020 ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаркат доштанаш, ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задаст», — омадааст дар хабари РВКД дар Душанбе.
Муайян шудааст, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Самадзода Сомон Шарофатулло, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.
Нисбати Самадзода бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид.
Суд дар нисбаташ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ