Муминобод

Боздошти сармуҳосиб бо гумони азхудкунии беш аз 34 ҳазор сомонӣ

Сармуҳосиби мактаби №50-и ноҳияи Муъминобод бо гумони азхудкунии беш аз 34 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст.

Дар ин бора Агентии коррупсия хабар медиҳад. Аз гумонбаршаванда Сабуров Фаррухҷон ном бурда мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, “Сабуров Фаррухҷон Бозорович дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Муъминобод кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо роҳи сохтакорӣ 34669 сомониро ҳамчун музди маош барзиёд ба суратҳисоби корти бонкиаш гузаронида, тасарруф намудааст”.

Нисбати гумонбаршаванда Сабуров Фаррухҷон Бозорович бо моддаҳои 245, қисми 2, банди “г” ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *