Боздошти се нафар дар доираи амалиёти шартии «Корд»

Дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии «Корд», аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино 5-ҳолати фурӯши предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян карда шуд.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Зимни санҷиш ошкор гардид, ки шаҳрвандон Шарипов Фаридун Раҷабалиевич, санаи таваллудаш 14.01.1990, Миров Алиназар Мустафоқулович, санаи таваллудаш 10.12.1983, Одинаев Нусратулло Исматуллоевич, санаи таваллудаш 19.05.1988, Сатторов Ҷамолиддин Ҷабборович, санаи таваллудаш 16.02.1975 ва Чилаев Самариддин Зафарович, санаи таваллудаш 20.08.2000 ба фурӯши кордҳои гуногунтамға машғуланд.

Дар умум аз номбурдагон 173-адад корди ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира гардидааст.

 Вобаста ба ин, нисбати онҳо тибқи талаботи қонун протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *