Боздошти се шаҳрванди Покистон барои сиккаҳои қалбакии тилло дар Тоҷикистон

Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, прокуратура ва гумрук се нафар шаҳрванди Покистон боздошт гардиданд.

Абдуллоҳ Муҳаммад, соли таваллудаш 1971, Исмаил Муҳаммад, соли таваллудаш 1974 ва Ясин Муҳаммад, соли таваллудаш 1980 барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва бе расмиёти гумрукӣ ба хориҷи кишвар интиқол додани асъори долар дастгир карда шудаанд.

Номбурдагон бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, дар умум ду килограмм сиккаҳои қалбакиро ҳамчун сиккаҳои тиллоӣ муаррифӣ намуда, ба маблағи 34-ҳазор доллар ба фуруш гузоштаанд.

Маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омадаро мехостанд бо роҳи ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд, ки дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар сарҳад дастгир карда шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ ме6диҳад, ки нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 247 ва моддаҳои 32 қисми 3, 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карода шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *