Боздошти се сокини Душанбе барои фиребу қаллобӣ. Ном ба ном

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти се нафар барои расонидани хабарҳои бардурӯғ ва фиребу қаллобӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, ки аз хориҷи кишвар гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ ба ин кор машғуланд ва се нафари онҳо дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.
Ин гурӯҳ рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, ба онҳо дар бораи ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд. Онҳо ба боварии шаҳрвандон даромада, барои табобати фарзандонашон мабағҳои калони пулӣ талаб кардаанд.

“Ин гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ, аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон нафарони алоҳидаро барои интиқол додани маблағҳои пулӣ вазифадор намудаанд”,- хабар медиҳад манбаъ.

Фарҳод Мамараимови 32-сола ва Рустам Шарофиддинови 33-сола сокинони шаҳри Душанбе боздошт гардидаанд, ки бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ дар тамос шуда, ба ҳайси интиқолдиҳанда ё курер ба онҳо ёрӣ мерасонидаанд. Номбурдагон аз се шаҳрванд беш аз 40 ҳазор долларро қабул намуда, тавассути ҳамёни электронӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд.

Ҳамчунин, Амина Акобироваи 23-сола, истиқоматкунандаи пойтахт дастгир карда шудааст. Ӯ низ дар се ҳолат аз ҷабрдидагон зиёда аз 22 ҳазор доллар гирифта, ба хориҷи кишвар фиристодааст.

Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандонро огоҳ месозад, ки ба ҳар гуна зангҳои афроди ношинос ва хабарҳои бардурӯғи онҳо бовар накунанд. Дар сурати ба фиреби ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дучор шудан, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *