Боздошти шаҳрванди Афғонистон барои сеҳру ҷоду дар Ҳисор
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як шаҳрванди Афғонистонро ба далели сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир кард, ки аз ӯ Қурбон Гелдӣ Насриддин ном бурда мешавад.
Бино ба иттилои ВКД, Қурбон Гелдӣ Насриддин зодаи вилояти Қундузи Афғонистон аст ва ҳоло муваққатан дар деҳаи Чуқураки шаҳри Ҳисор истиқомат мекунад.
— Номбурда бо ҳар гуна макру найрангҳои ба худаш хос ва дур аз мазҳабу шариат дар деҳаи Чуқураки шаҳри Ҳисор ба сеҳру чоду ва фолбинӣ машғул гардида, бо истифода аз ҳар гуна ашёҳои карахт ба муштариёнаш ваъдаи беасос медиҳад, ки гӯё сеҳру ҷодуи ӯ ба муносибатҳои оиладорӣ, меҳру муҳаббати хонаводагӣ, кушоиши кор ва дармони дард кумак мекарда бошад,- меафзояд манбаъ.
Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯяд, ки аз ҳуҷраи боздоштшуда қулфу калид, оҳанрабо, пӯсти ҳайвонот, мех, маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзану ришта ва як миқдор тумору таштоб ёфтаанд.
Нисбати Қурбон Гелдӣ Насриддан бо моддаи 482 КҲМ ҶТ протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ гардидааст.
Идибеки САИД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ