Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон барои интиқоли асъор бидуни эъломия

Як шаҳрванди Тоҷикистон барои бидуни эъломия баровардани пули нақд дар Қазоқистон боздошт шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории  қазоқии  nur.kz, рӯзи 6 июн дар гузаргоҳи гумрукии “Жибек Жоли”-и вилояти Туркистони Қазоқистон ҳангоми азназаргузарони бағочи дастӣ як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон нияти сафар дошт, боздошт шудааст.  

Дар вақти  азназаргузаронии борхалтаи дастии мард 19,5 ҳазор доллар пули нақди бидуни эъломия дарёфт шудааст. Ҳоло аз рӯи ин далел парванда боз шудааст. Аммо номи ин мард гуфта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *