Боздошти як ҷавон бо долларҳои қалбакӣ дар Душанбе
Як сокини шаҳри Душанбе барои ба муомилот баровардани доллари қалбакӣ боздошт шуд. Ӯ ҳамагӣ 27 сол дорад.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Тоиршоҳ Катамардов, санаи таваллудаш 21.02.1997, сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ҳамчун гумонбар барои ба муомилот баровардани асъори қалбакии доллар дастгир карда шуд.
“Дар натиҷаи пешбурди тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда асъори қалбакии доллари амрикоиро тавассути як нафар ҳаммаслакаш аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт онро ба муомилот баровардааст”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Аз ҷумла, гумонбаршаванда Тоиршоҳ Катамардов ба ивази маблағи қарз ба як нафар ҷавони сокини пойтахт 11-адад купюраи 100-доллараи қалбакӣ пардохт намуда, ӯро фиреб кардааст.
Ҳамзамон, баъди дастгир гардидан, зимни кофтуков аз ҷайби номбурда 21-адад купюраҳои 100-доллараи қалбакӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ