Боздошти як афғон бо 49 кило афюн ва ҳашиш дар Душанбе
Шаҳрванди Афғонистон Аминуллоҳ Бисмилоҳзода дар хонаи иҷорааш дар маркази шаҳри Душанбе ҳудуди 49 кило маводи нашъаовари навъҳои ҳашиш ва афюнро нигоҳдорӣ мекард.
Шаҳрванди Афғонистон Аминуллоҳ Бисмилоҳзода дар хонаи иҷорааш дар маркази шаҳри Душанбе ҳудуди 49 кило маводи нашъаовари навъҳои ҳашиш ва афюнро нигоҳдорӣ мекард.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ин миқдор маводи нашъаоварро ӯ аз Афғонистон барои фурӯш ба Тоҷикистон овардааст. Дар мавриди муайян кардани ҳаммаслакони шаҳрванди боздоштшудаи Афғонистон чораҷӯӣ мешавад.
Нисбати дастгиршуда аз ҷониби шуъбаи тафтишоти Агентӣ мутобиқи моддаи 200, қисми 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ё маводи психотропӣ бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ