Боздошти яке аз гумонбарон дар рабудани муовини раиси «Ориёнбонк»

Яке аз гумонбарон ба рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва додарарӯси Президент, захмӣ ва дастгир шудааст, аммо на дар Тоҷикистон, балки дар Молдова.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1-уми июл гуфт, Рустам Ашӯров 43-сола ва узви гуруҳи созмонёфтаи ҷиноист.

Мақомоти Молдова рӯзи 30-юми июн гуфтанд, ки як марди 43-сола аз Тоҷикистон дастгир шуд, чун баъди посухи рад барои даромаданаш ба ҳудуди ин кишвар силоҳи маъмури амниятии фурудгоҳро тасарруф карда, ду нафарро кушт ва як касро захмӣ кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Рустам Ашӯров, як узви гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ, пас аз рабудани Шӯҳрат Исматуллоев “тавассути Туркия бо мақсади ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фирор намудан ба Молдова парвоз намуд.”

Мақомоти Тоҷикистон пештар номи гумонбаронро ба рабудани Шӯҳрат Исматуллоев эълон накарда буданд. Маълум нест, ӯ чӣ гуна қаламрави Тоҷикистонро тарк карда, то Туркия ва сипас Молдова рафтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *