Боздошти зане, ки дар ноҳияи Шаҳристон фоҳишахона ташкил кард
Як зани 41-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шудааст.
Ин занро кормандони мақомоти милитсия зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои ВКД, ин зан соли 2014 бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда аз 3-юми январи соли 2023 то 16-уми декабри соли 2023, хонаи истиқоматии марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳияро ба иҷора гирифта, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 34 ва зани 46-солаи сокинони ноҳияи Шаҳристон шароит муҳайё намудааст. Бар ивази ин амали номатлубаш 600 сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ