Боздошти зани ҷавон ва ҳаммаслаки ноболиғаш барои ғоратгарӣ (видео)
Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон Боиров Манучеҳр Аҳмадҷонович, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, ки қаблан бо ҷурмҳои гуногун маҳбасӣ шудааст ва ҳаммаслаки ӯ шаҳрванд Тошпулатова Фирӯза, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакиро бо гумони зӯран аз они худ кардани амволи мардум дасгир намуданд.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ номбурдагон шабона дар кӯчаҳои пойтахт ба ғоратгарӣ машғул шуда, шаҳрвандонро думболагирӣ карда, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ телефони мобилӣ ва маблағҳои пулиашонро тасарруф мекардаанд.
Аз ҷумла Боиров Манучеҳр санаи 4-уми марти соли ҷорӣ тақрибан соати 20:30 дақиқаи шаб ҳангоми дар соҳили дарёи Душанбе қарор доштанаш шаҳрванд Тешаев Умед сокини пойтахтро мавриди лату куб қарор дода, телефони мобилӣ, ангуштарини тиллоӣ ва як миқдор маблағҳои пулии номбурдаро ба таври ошкоро тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.
Инчунин худи ҳамон рӯз тақрибан соати 24:30 дақиқаи шаб дар кӯчаи Борбад шаҳрванд Шоев Абдусамад сокини шаҳри Душанберо мавриди лату куб қарор дода, аз ҷайбаш телефони мобилӣ ва 1180 сомонӣ маблағи пулиро аз они худ намудааст.
Ҳамзамон гумонбаршавандагон боз такроран дар чанди мавриди дигар низ даст ба кирдорҳои зиддиқонунӣ задаанд. Аз ҷумла санаи 7-уми марти соли равон тақрибан соати 21 шаб дар кӯчаи Миралӣ шаҳрванд Табаров Далерро низ зери лату куб қарор дода, телефони мобилии номбурдаро ба яғмо бурдаанд.
Мавриди зикр аст, ки гумонбаршавандагон маблағҳои аз роҳи ҷиноят ба даст овардаашонро танҳо дар марказҳои дилхушӣ сарф намуда, баҳри истироҳати яклаҳзаина ба шаҳрвандони зиёде зарари ҷисмониви молиявӣ расонидаанд. Тибқи маълумотҳои тафтишотӣ ин ду нафар дар содир намудани 5 лаҳзаи ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон зиёда аз 10-ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ