Боздошти зани 26 — сола ҳангоми фурӯши кӯдаки хурдсол
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби мақомоти милитсия зане бо иттиҳоми талоши фурӯши духтари хурдсолаш бар ивази 15 ҳазор доллар боздошт шудааст.
Дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки ин зан сокини 26 — солаи ноҳияи Ашт аст.
Номбурда кӯшиш кардааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров духтарчаашро ба “харидори шартӣ” бар ивази 15 ҳазор доллар фурӯшад.
Ҳангоми ба даст овардани маблағи пешакии мувофиқашуда аз ҷониби милитсияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир мешавад. Баъди боздошт зани муттаҳам иқрор мекунад, ки “баъди пош хӯрдани оилааш мехост кӯдакро фурӯшад ва хона харад, то дар хонаи волидон зиндагӣ накунад”.
Ҳоло нисбати ин зан бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ин банди қонун маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ