Боздошти зану шавҳаре, ки навзодони дугоникро бо хона иваз карданд

Суди Узбекистон парвандаи зану шавҳареро баррасӣ мекунад, ки дар талоши иваз кардани навзодони дугоники худ бо хонаи якҳуҷраӣ айбдор шудаанд.

Дар ин бора «Озодӣ» хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, мард гуфтааст, ки расман бо зани дигаре дар қайди никоҳ аст ва аз вай чаҳор фарзанд дорад. Аз ҳамсари дигараш, ки бар асоси никоҳи динӣ зиндагӣ мекард, соҳиби дугоник шудааст.

Ба далели мушкили молӣ зану мард хостаанд, ки навзодони худро бо хонаи якҳуҷраӣ иваз кунанд. Мақомоти Узбекистон онҳоро ҳангоми дарёфти санадҳои манзил боздошт кардаанд.

Нисбати ин зану мард бо моддаи «савдои инсон» парванда боз ва мард ба шаш соли зиндон ва зан ба се соли зиндон маҳкум шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *