Боздошту ҳабси боз як муштзӯр дар Душанбе
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он лаҳзаи латукӯби ронандаи автобуси хатсайри рақами 3 аз ҷониби яке аз мусофирон сабт шудааст.
Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ ҷавони соли таваллудаш 1994-ро боздошт карданд.
Муайян карда шудааст, ки 29 октябр ӯ ронандаи автобусро дар наздикии маркази савдои «Кӯшониён» сахт латукӯб карда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Дар робита ба ин, нисбати ҷавони 20-сола Самиев Саидшоҳ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ