Боздошту ҷаримаи боз як фолбини дигар дар Душанбе
Сайёра Исмоиловаи 31-сола барои машғул шудан ба фолбинӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе боздошт гардид.
Ӯ манзили зисташро ба макони қабули шаҳрвандон табдил дода, тавассути карта фолбинӣ мекардааст.
Нисбати номбурда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд ба андозаи 40-нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 2880 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ