Теппаи Қӯрғон

Бозгашт ба мавзуъ… Теппаи Қӯрғон фурӯ меравад!

Теппаи Қӯрғон — яке аз муҳимтарин иншооти таърихӣ дар шаҳри Бохтар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. “Тоҷикистон” ҳанӯз моҳи ноябри соли 2021 аз вазъи бади Тепаи Қӯрғон навишта буд, вале то ба имрӯз ин ёдгорӣ аз нобудшавӣ наҷот дода нашудааст…

Комрон Гулов — сардори Идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар дар суҳбат гуфт, ки имсол ҳам Теппаи Қӯрғон дар нақшаи иншооти сохташаванда нест. “Барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар иншооте, ки дар мувозинати мо ҳастанд, дар умум 8 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Бо ин маблағ мо Теппаи Қӯрғонро бозсозӣ карда наметавонем, зеро барои ин кор беш 50 миллион сомонӣ лозим аст”,- гуфт номбурда.

Ба гуфти ин мақомдори шаҳри Бохтар, лоиҳаи таҷдиди Теппаи Қӯрғон бояд бо раиси нави вилоят мувофиқа карда шавад. “Лоиҳаи Теппаи Қӯрғон аллакай омода аст. Бо раиси собиқи шаҳр мувофиқа шуда буд. Ҳоло ҳам раиси шаҳр ва ҳам раиси вилояти Хатлон иваз шуданд. Раиси шаҳри Бохтар рафта аз наздик бо Теппаи Қӯрғон шинос шуд. Бояд лоиҳа бо раиси вилояти Хатлон мувофиқа шавад. Дар он сурат мо метавонем бо қарори раиси шаҳр аз буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо кунем”,- гуфт Комрон Гулов.

Ба гуфти номбурда, ҳолати садамави Теппаи Қӯрғон вазнин аст ва рӯз то рӯз он хатарнок шуда истодааст. Қубурҳои обпарто ҳам корношоям шуда, оби аз боло меомада ба дохили теппа меравад. Ин ҳолат метавонад ба фурӯравии теппа оварда расонад.

Аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар гуфтанд, ки барои бозсозии Теппаи Қӯрғон аз 40 то 60 миллион сомонӣ лозим аст. Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ягон иншоот насохтааст. Хуб мешавад, ки имсол Теппаи Қӯрғон бо саҳми идораи мавриди назар бозсозӣ шавад.

“Фарсуда шудани қубурҳои обпарто ва боридани барфу борони зиёд вазъи бе ин ҳам бади Теппаи Қӯрғонро бадтар кардааст”,- мегӯяд намояндаи шуъбаи меъморӣ.

Сиҷоуддин Саломзода — шаҳрдори собиқи Бохтар ҳанӯз дар соли 2022 дар як суҳбат гуфта буд, ки дар соли 2023 Теппаи Қӯрғон ба рӯйхати иншооти сохташавандаи Раёсати сохтмони асосии шаҳри Бохтар ворид карда мешавад. Ба гуфтаи вай, бояд дар соли 2023 барои бозсозии ин иншоот шаш миллион сомонӣ ҷудо карда мешуд.

Пайдоиши Теппаи Қӯрғон аз асрҳои 1-2 оғоз шудааст. Иншоот муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асри 19-20 қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст. Теппаи Қӯрғон аз муҳимтарин мавзеъҳо барои сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар маҳсуб меёбад. Бо баланд ва бузург буданаш ҳамарӯза даҳҳо нафар аз он дидан мекунанд. Як макони фароғату истироҳати сокинон ва меҳмонони шаҳри Бохтар аст. Ба таъкиди таърихшиносон, Теппаи Қӯрғон таърихи куҳан дорад ва муаррификунандаи натанҳо Бохтар, балки кулли кишвар ба ҳисоб меравад.

Феълан масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз ҳама имкониятҳо ба бозсозии Тепаи Қӯрғон шуруъ кунанд, вагарна дер мешавад…

Машраби АЛОВИДДИН, шаҳри Бохтар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *