Бозгашти «Додои Умедҷон»

Пас аз танаффуси тӯлонӣ блогери шинохта Саидакбар Акбаров, ки бештар бо тахаллуси «Додои Умедҷон» дар Инстаграм маъруф аст, ба кори блогериаш дубора баргашт. Ӯ дар хизмати аскарӣ буд ва ин муддат дар саҳифааш наворҳои нав намегузошт. Фаъол набудани саҳифааш як навъ норозигии обуначиҳояшро ба миён овард, аммо чанд рӯз пеш ӯ бо як навори кӯтоҳ хабар дод, ки акнун боз ба Инстаграм баргашт.

Саидакбар Акбаров ҳоло дар Инстаграм зиёда аз 250 ҳазор обуначӣ дорад. Ӯ бо наворҳои кӯтоҳи дорои сужаи ҳаётӣ ба зудӣ дар фазои маҷозӣ шинохтаву пазируфта шуд. Наворҳои ӯро ҳазорҳо нафар мебинанд, меписанданд ва зерашон шарҳ менависанд.

Хусусияти фарқкунандаи наворҳои Саидакбар дар он аст, ки ӯ дар матолибаш образи махсусе бо номи “Додои Умедҷон” дорад ва илова бар ин, дар нақши чанд нафар худаш танҳо нақш меофарад. Блогери ҷавон дар образи “Додои Умедҷон” падари сода, сахтгир, бепарво, шӯх, ғамхӯр ва “воймачӣ”-ро нишон медиҳад. Ҳамчунин, дар баробари “Додои Умедҷон” писари ӯро меорад, ки онҳо якҷоя тафовути фикронӣ ва муносибату муоширати ду наслро бозгӯ мекунанд.

Ба ибораи маъмул, Саидакбар Акбаров намояндаи фаъоли соҳаи ҳаҷв дар фазои маҷозӣ буда, аллакай миёни мардум эътироф шудааст.

Мо бо мавсуф суҳбати кӯтоҳи телефонӣ анҷом дода, пас аз табрик кардан ҷиҳати бозгашташ ба Инстаграм ба саволи асосии матлаб: «Пеш аз машҳур шудан чӣ гуна зиндагӣ доштед?» посух гирифтем.

— Ташаккур барои муборакбодӣ. Ростӣ, пеш аз тавлиди образи «Додои Умедҷон» ва умуман шинохта шудан дар Инстаграм, ман дар яке аз донишгоҳҳои Хитой таҳсил мекардам. Дар баробари таҳсил, ба ҳайси муаллими забони англисӣ фаъолият доштам. Аммо вақте ки коронавирус паҳн шуд, ба Ватан баргаштам ва таҳсилро тариқи онлайн давом додам. Ҳамон вақт идеяи дар Инстаграм фаъол шудану наворҳои ҳаҷвӣ омода намудан пайдо шуд ва шукр то имрӯз расидем,- гуфт ӯ.

Аслан, Саидакбар Акбаров аз соли 2015 корбари Инстаграм аст, вале соли 2020, вақте ки ҷиддӣ ба блогерӣ машғул шуд, шуҳрат ёфт.

Саидакбар дар охири суҳбат дар мавриди фаъолияти блогерӣ чунин ибрози ақида намуд:

— Ҳар як блогер пеш аз ҳама бояд равиши хосаи кори худро дошта бошад. Бояд мутолиаи зиёд намояд ва ҷаҳонбинияш васеъ гардад. Зеро насли наврас ҳатман ба блогерон тақлид намуда, муносибату муоширатро омӯхта истодаанд. Блогер бояд намуна ва якрӯву якдил бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *