Бозгашти гурезагони аввалин ба Мянмар

Мақомоти Мянмар аз бозгашти нахустин хонаводаҳои гурезаҳо ба ватан хабар доданд. Мусалмонони роҳинҷа ба хотири наҷот ёфтан аз таъқиби низомиёни Мянмар ба Бангладеш фирор карда буданд.

Ба иттилои расонаҳо, дар маҷмуъ 700 ҳазор роҳинҷаи Мянмар ба Бангладеш паноҳ бурда буданд. Ҳомиёни ҳуқуқ иқдоми ахири ҳукумати Мянмарро танқид мекунанд. Ба бовари ҳомиён, бозгардонии роҳинҷа як амалиёти тарғиботист, ки бе назардошти амнияти зиндагии мусалмонон рӯи даст гирифта шудааст.

Мусалмонони роҳинҷа, ки кишвари мустақили худро надоранд, моҳи августи соли гузашта аз сӯи низомиёни Мянмар таъқиб шуданд ва хушунат диданд. СММ бо маҳкум кардани Мянмар гуфт, таъқиби роҳинҷаро метавон ҳамчун поксозии қавмӣ баҳо дод. Аммо мақомоти Мянмар мегӯянд, зидди шӯришгарони мусаллаҳ амалиёти низомӣ роҳандозӣ карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *