«Бозгашти Хоҷа Насриддин» ба назди кӯдакон
Имрӯз бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ таҳти унвони «Бозгашти Хоҷа Насриддин» доир гардид.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намоишномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавии “Бозгашти Хоҷа Насриддин” бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2022 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои наврасони пойтахт баргузор карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинӣ наздики 1900 кӯдаки ятим, нимятим, аз оилаҳои ниёзманд ва наврасони фаъоли пойтахт иштирок доштаанд.
— Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз намуда, нахуст паёми шодбошии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Соли нави мелодии 2022 ба унвонии тамоми кӯдакону наврасони пойтахт расонид,- меафзояд манбаъ.
Намоишномаи кӯдаконаи «Бозгашти Хоҷа Насриддин» хотирмон ҷараён гирифта, ба иди ҳақиқии дӯстиву якдилии кӯдакон табдил ёфтааст.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба тамошобинони барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва иштирокчиёни намоишномаи солинавӣ беш аз 2500 адад туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ