Бозгашти КОВИД кори фурӯдгоҳро тағйир медиҳад?
Ба Тоҷикистон маризии коронавирус баргашт. Дар робита ба авҷи ин беморӣ Фурудгоҳи Душанбе аз реҷаи фаъолияти худ хабар дод.
Фурудгоҳи Душанбе новобаста аз паҳншавии вируси COVID — 19 бидуни ягон тағйироти ҷиддӣ фаъолият мекунанд.
“Дар ҷадвали парвозҳо дар ҳама самтҳо, аз ҷумла самти Русия тағйирот ворид нашудааст. Фурудгоҳ мӯътадил кор мекунад”, — менависад «Авеста» дар ин бора.
Манбаъ аз қавли намояндаи фурудгоҳ меафзояд, ки мусофирон ва шахсони ҳамроҳикунандаи онҳо бояд қоидаҳои санитарию эпидемияро, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 муқаррар кардааст, риоя кунанд.
Ёдовар мешавем, ки то рӯзи 22 июн дар Тоҷикистон 32 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ