Бозгашти Малола Юсуфзай ба зодгоҳ
Малола Юсуфзай, ҳомии ҳуқуқ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел 29 март ба кишвараш — Покистон баргашт. Вай баъди як сӯиқасд ба ҷонаш шаш сол пеш ба хориҷ рафта ва онҷо истиқомат дошт.
Юсуфзайро дар иҳотаи муҳофизон аз фурудгоҳ ба меҳмонхона бурданд. Интизор меравад, вай чаҳор рӯз дар ватанаш монда ва бо сарвазири Покистон Шаҳид Ҳақонӣ Аббасӣ мулоқот кунад.
Малола Юсуфзай дар 11-солагиаш маъруфият касб кард. Вай он замон дар саҳифаи интернетии радиои Би-би-сӣ ба блогнависӣ шуруъ ва аз ҳаракати Толибон интиқод карда, ба илмомӯзии духтарон даъват мекард. Моҳи октябри соли 2012 ҷангҷӯёни Толибон ӯро шадидан захмӣ карданд. Малола дар Бритониё табобат гирифт.
Соли 2014 вай дар 17-солагӣ ҷоизаи сулҳи Нобелро соҳиб шуд ва баъдтар сафири сулҳи СММ эълон гардид.
Дидори Малола Юсуфзай бо маликаи Бритониё.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ