Бозгашти мард пас аз ду рӯзи дафн

Дар Ҳиндустон, як мард пас аз ду рӯзи вафот карданаш ба хона баргашт.  Дар ин бора вебсайти Times Now News хабар медиҳад.

Тибқи иттилои расонаҳо, 2 август Аҳмад Ҳасан бо занаш ҷанҷол карда, аз хона баромада меравад. Оилааш гузоришро дар бораи шахси гумшуда ба полис пешниҳод кардааст мекунад. 5 август полис ҷасади ӯро пайдо кард ва хешовандонашро барои шиносоӣ даъват мекунад. Бародарони  Аҳмад ҷасадро дида эътироф мекунанд, ки нафари кушташуда бародари онҳост ва худи ҳамон рӯз мурдаро дафн мекунанд. Аммо, 7 август Аҳмад ба хона баргашт. Маълум шуд, ки ин ҳама вақт ӯ дар завод кор мекард ва музди корашро гирифта, ба хона баргаштааст.

Зани Аҳмад Нагма мегӯяд, ки аз бозгашти шавҳараш хушҳол аст. Ба гуфтаи зан, марди мурда, ки барои шиносоӣ пешниҳод карда шуд ба шавҳараш сахт монанд буд. Вай дар аввал шубҳа кард, аммо бародарони шавҳараш мутмаин буданд, ки ҷасади наздашон буда Аҳмад Ҳасан мебошад.

«Ман шодам, ки шавҳарам баргашт. Ҳамаамон хурсандем.» мегуяд нагма.

Дар навбати худ полис қайд мекунад, ки ҳоло вазифаи асосӣ ин муайян кардани шахси дафншуда ба ҷои Ҳасан аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *