Бозгашти Навалний ба Русия

Санҷишҳои лаборатории анҷомшуда дар Олмон, Фаронса ва Шведсия тасдиқ карданд, ки Навалний бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд шудааст

Алексей Навалний, як мунаққиди Кремл ва Путин, ки ҳоло дар Олмон бо табобати баъди заҳролудшавӣ машғул аст, дар Твиттер хабар дод, ки ният дорад рӯзи 17-уми январ ба Русия баргардад. Навалний моҳи августи соли 2020 баъди он ки дар ҳавопаймои Русия заҳролуд шуд, барои наҷоти ҷонаш ба беморхонаи Берлин фиристода шуд. Санҷишҳои лаборатории анҷомшуда дар Олмон, Фаронса ва Шведсия тасдиқ карданд, ки Навалний бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд шуд. Ин хулосаро Созмони байналмилалии манъи силоҳҳои кимиёӣ содир кард. Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар ташкили ин ҳамла айбдор кард, Кремл ин иттиҳомро рад кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *