Бозгашти Рӯдакӣ ба Кӯлоб

Бахшида ба  Рӯзи Рӯдакӣ дар назди бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб муҷассамаи сардафтари адабиёти форсу тоҷик устод Рӯдакӣ  қомат афрохт.

Дар  ҷамъомаде, ки бо ин мақсад доир гардид,  раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллоҳ Амонуллоҳ, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  Абдулло Ҳабибулло,  муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  Раҳматулло Мирбобоев, шоирону нависандагон, роҳбарону мудирони макотиби олию миёнаи шаҳр, инчунин донишҷӯён ширкат доштанд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллоҳ Амонуллоҳ дар назди иштирокдорони ин ҷамъомад  дар бораи аҳамияти осори Рӯдаки  барои миллати куҳанбунёди тоҷик ибрози андеша намуд. Номбурда, аз ҷумла, зикр кард, ки   осори устод Рӯдакӣ дар замони имрӯза, пеш аз ҳама, дар тарбияи ҷавонони  мамлакат, дар дӯст доштани Ватан, эҳтиром гузоштан ба   фарҳангу арзишҳои миллӣ,  доро шудан ба хислатҳои неки инсонӣ   нақши   муассир  дорад.

Дар ҷамъомад ҳамчунин  ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  Абдулло Ҳабибулло зикр кард, ки  осори Рӯдакӣ  на танҳо барои таълиму тарбия, балки барои ба вуҷуд овардани дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ низ ба манфиат хоҳад буд.

«Қомат афрохтани муҷассамаи Устод Рӯдакӣ дар назди донишгоҳи мо  шаҳомати   ин даргоҳро афзуда,  он ҳидоятест ба   донишҷӯёну сокинони шаҳр, ки мисли устод Рӯдакӣ ҳамеша тараннумгари  андешаҳои инсонпарварона ва номбардори миллат бошанд », — афзуд А.Ҳабибулло.

Ёдовар мешавем, ки  баъди  сохтмони бинои нави ҳафтошёнаи Донишгоҳи давлати шаҳри Кӯлоб  ҳайкали устод Рӯдакӣ баъди навсозӣ  дубора  дар назди ин донишгоҳ  қомат афрохт.

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *