Бозгашти Ҷӯрабеков аз Сурия

Мантуи Гулмурод Ҳалимов, марги Давлати Чол, Абуҷаъфари шаҳритусӣ ва доми Шайх Муслим

Суҳбатҳои Маҳмаднаим Ҷӯрабеков афсонаи даҳшатбореро мемонад… Ӯ нафарест, ки бо фиреб ба доми неруҳои иртиҷоӣ афтода, дар Шому Ироқ буд, бо Гулмурод Ҳалимов дар Мавсил вохӯрдаву суҳбат кардааст. Марги ҳамватанонашро дидаву шоҳиди тиккаву пора шудани инсонҳо шудааст. Ниҳоят  дуруғи ДИИШ-ро дарк кард ва ба ӯ муяссар шуд, ки аз он ҷо фирор намуда, ба Ватан баргардад… 

 Доми Шайх Муслим

Маҳмаднаим зодаи ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод буда, оиладор ва соҳиби як писар аст. Ӯ мисли даҳҳо ҳамватанони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия буд ва барои дарёфти қути лоямут заҳмат мекашид. Чун мӯҳлати ҳуҷҷатҳояш ба охир раси, ӯро мебоист, ки сарҳади Русияро убур кунад. Бинобар ин бо тавсияи чанде аз шиносҳояш ба Туркия сафар кард, зеро ҳам арзон буду ҳам қулай. Ӯ дар меҳмонхона ҷой гирифтаву хост, Истамбулро тамошо кунад. Пас аз каме гардиш дар яке аз кӯчаҳои Истамбул шоҳиди ба тоҷикӣ ҳарф задании ду ҷавони тоҷик шуд. Аз ин хурсанд шуда, назди онҳо рафт ва салом дода, ҳамсӯҳбат шуд. Он ду нафар дар бораи шароити хуби корӣ дар Туркия, маоши 1500 долларӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, хурду хурок ва ҷойи хоби ройгон ҳарф зада, ӯро ба худ моил карданд. Сӯҳбат ва ваъдаҳои онҳо чунон диққатҷалбкунанда буд, ки Маҳмаднаим баргаштан ба Русияро аз сараш берун карда, хост дар Туркия кор кунад. Он ҷавонҳо, ки яке Шайх Муслим ном дошт, Муҳаммаднаимро ба хонаи худ оварда, ваъдаи пайдо кардани ҷойи корро карданд…  

То омадани онҳо дар хона ду марди дигари исфарагӣ менишастанд.  Рӯзи дигар Шайх Муслим омад ва хабари пайдо кардани ҷойи корро расонид. Гуфт, ки вазифаи онҳо нигоҳубину обдории майдони кишт хоҳад буд. Аммо маҳали кор аз Истамбул дур ва 8 соата роҳ аст…

Мошини онҳо ба роҳ баромада баъди 24 соат дар назди як масҷид истод. Муҳаммаднаим бетоқат буд, ки чаро онҳо аз вақти ваъдагӣ дер мерсанд? Аммо Шайх Муслим ӯро ором кардаву ба намозгузорӣ дар масҷид даъват кард…

-Шумо то он вақт намоз мехондед?

-На ҳамеша, аммо ба қадри имкон мехондам, зеро корам бисёр буд ва қазо мешуд. Вақте ки  ба масҷид даромадам, дидам, ки ҳатто тоҷикони ҳамроҳи мо ба дигар тарз намоз мегузоранд. Ҳол он ки онҳо дар хона мисли худамон намоз мегузоштанд. Ин ҳам шубҳаи маро бештар кард. Аз намоз баромадем,  ба Шайх гуфтам, ки дар ин ҷо шумо тағйир ёфтед, маро куҷо овардед ва ба куҷо меравем? Боз гуфт, ки хавотир нашавам ва илова кард, ки наход ман тоҷики худамро фиреб диҳам. Роҳро идома дода, баъди тақрибан якуним соат ба назди як мазор расидем, ки дар паҳлуяш майдони калони кишт буд ва каме дуртар хонае воқеъ буд.  Шайх гуфт, ки ҷойи кори шумо ҳамин замин хоҳад буд ва хонаеро ҳамчун ҷойи хоб бо ишора нишон дод. Шумо рафта, дар хона истироҳат кунед, ҳозир Патрон (яке аз ҳамроҳонашро чунин ном мегирифт) ба шумо хӯрок медиҳад ва корро сар мекунед. Мо ба хона рафтем, соат тақрибан 3 буд. Якбора як мошини «Хундай Старекс» омад, аз дари мусофир як нафар, аз паҳлуйи ронанда як нафари дигар, ки рӯяшон пӯшида дар даст автомат доштанд, фаромада, бо русӣ моро амр карданд, ки ба мошин савор шавем. Мо ҷуз итоат дигар илоҷ надоштем. Тавассути  ин мошин тахминан 40 дақиқа ҳаракат карда, ба  хонае расидем. Дар он ҷо ба мо суф дода, амр карданд, ки ҳамаи либосҳоямонро бадар карда, худамонро бо суф печонем. Шиноснома, ҳуҷҷатҳо ва телефонамонро гирифта, батареяҳояшро канда, скочпеч карда, номҳоямонро навиштанд. Вақти омадани мо дар ин хона аллакай чанд нафари дигар аз намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла туркмену ӯзбек буданд. Баъди ин як автобус омад, мо савор шудем. Баъди тахминан 4 соати ҳаракат вориди як шаҳр шудем, ки он ҷо давлати Шом — Сурия буд.  Автобусҳо ҳаракат карда, ба як ҳавлӣ даромаданд, моро фароварданд. Ба як иморат даромадем, ки саҳнаш мисли саҳни масҷид калон буд ва дар рӯйи замин ба таври пароканда зиёда аз  80 нафар менишастанд…

 Доктори тоҷик: «Кушанд ҳам, силоҳ намегирам!»

Баъдан  дарк кардед, ки ба куҷо омадаед?

-Ба ҷиҳод оварданамонро намедонистам. Аммо аз ҳамон вақте ки дар Туркия силоҳдорон моро асир гирифтанд, ман ҳис кардам, ки  моро ё фурӯхтаанд ё ба ягон балои дигар гирифтор шудем. Ман дар ин ҷо аз фикру хаёл шабҳо хобам намебурд. Тақдирамон номаълум буд. Як рӯз як нафарро аз дар дароварда, партофтанд. Ӯ бо ҳеҷ кас ҳамсуҳбат намешуд. Шабона мисли ман хоб намерафт. Як шаб ӯ ба сутун такя зада ба фикру хаёл ғӯтида буд. Мани бехоб ҳам наздаш рафта, бо русӣ салом додам. Маълум шуд, ки ӯ тоҷик будааст ва худро доктор муаррифӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба Туркия барои кор омадааст. Маҷбуран ин ҷо оварданд, ки ба  ҷанг равад, аммо розӣ нест. Доктор гуфтааст, ки бемор оред,  табобат мекунам, аммо ба дастам силоҳ намегирам. Маро таҳдид мекунанд… Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки 3 моҳ боз қасди гурехтан дорад, аммо бенатиҷа. Касе, ки дар ин ҷо кӯшиши гурехтан мекунад, сарашро аз танаш ҷудо мекунанд.  Ман ҳам ба ӯ қиссаи ба асорат афтоданамро нақл кардам.  Рӯзи дигар ӯро бурданд ва дигар надидам…

-Яъне, ба қавле «ҷиҳоди» шумо аз Сурия оғоз шуд.

-Не,  мо дар ин ҷо 8 рӯз мондем. Баъдан моро ба воситаи як автобус, ки занону кӯдакон ҳам буданд, ба Мавсили Ироқ оварданд. Дар он ҷо моро   7-8 нафарӣ ба мошинҳи майда савор карда, ба як хона бурданд. То мо дар он ҷо тоҷик, ӯзбек, туркмен ва арабҳо буданд. Гуфтанд, ки дар ин ҷо як моҳ дарси ислом меомӯзем.  Пагоҳи он рӯз арабе ҳамроҳ ба як тоҷик омаданд. Араб дарс медоду тоҷик тарҷума мекард…

-Тоҷикони он ҳуҷра аз куҷо буданд ва чӣ гуна ба Ироқ рафтаанд?

— Дар хонае, ки мо меистодем, як марди тоҷикро ки Абӯмуҳаммад М, ном дошт, беҳад эҳтиром мекарданд. Ман аз тарс аз худаш напурсидам, аммо ҳамроҳи ӯ як тоҷики кӯлобиро, ки ӯро Абӯмуҳаммад Б мегуфтанд, оҳиста пурсидам, ки ин кист ва чаро ӯро эҳтиром мекунед? Ӯ гуфт, ки Чоловҳоро мешиносӣ? Ин аз ҳамон авлод аст ва Давлати Чол ном дорад. Дар Тоҷикистон 8 сол зиндонӣ буд, баъди ин 3 сол ба озодӣ баромада, боз як соли дигар нишаст ва гурехта ба ин ҷо омад. Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки Давлат дар Тоҷикистон командир буд. Ҳамсуҳбатҳои асосии Давлат як чечен – Абӯбарот ва ҳамон кӯлолобии ҳамсолаш буданд. Дар он ҷо номи ҳамаро тағйир медиҳанд ва пурсидан иҷозат нест. Баъди  27 рӯз таълимоти динӣ ба охир расиду моро ба як иморати дигар бурданд, ки зоҳиран киностудияи харобшуда ба назар мерасид ва дар яке аз залҳои он тамрини ҳарбӣ оғоз шуд. Рӯзи аввали машқ як араби ланг бо як тоҷик, ки Абӯталҳақ ном доштааст, омаданд. Араб ба мо салом дод ва тирҳои автоматашро пеши мо холӣ карда, хабар дод, ки дар ин ҷо якуним моҳ дарси ҳарбӣ меомӯзед.

-Шумо забони арабиро медонистед?

-Не, ӯ арабӣ ҳарф мезад ва Абӯталҳақ, ки ҳам тоҷикӣ, ҳам ӯзбекӣ, ҳам русӣ ва ҳам форсиро медонист, тарҷума мекард.

-Дарсҳои ҳарбӣ аз чӣ иборат буданд?

-Ҳамаи машқҳои ҳарбиро иҷро мекардем. Яроқро меомӯхтем, аммо тир надошт, фақат тарзи истифода, тоза кардан, тир ҷой карда холӣ кардан ва ғайраро нишон медоданд. Мо аз он толор берун намебаромадем. Ҳамин тавр, 17 рӯз машқ кардему моро дар як мошини “Портер” савор карда, тирпарронӣ бурданд.  Он ҷо 3 тир аз автомат ва 2 — то аз пулемёт парронидем. Рӯзи 18-ум машқамон тамом шуд ва гуфтанд, ки шуморо ба ҷанг мебарем. Аммо моро ба шаҳр, ба маҳали аҳолинишин оварда, дар хонаҳо 12-нафарӣ тақсим карданд. Абудуҷана ном тоҷикро ба мо шахси масъул монданд, то хӯрок ва зиндагии моро таъмин кунад. Ӯ ба мо 50-сӯмии ироқӣ  дод. Телефон ва шиносномаву ҳуҷҷатҳоямонро бозгардонид. Аммо бачаҳо шиносномаҳояшонро даронида партофтанд. Ман бошам, онро пинҳон кардам. Ба мо амр карданд, ки акси якҷоя гирем. Баъди акс гирифтан Абудуҷана гуфт, ки аз ҳисоби худаш моро интернет-кафе, баъдан шашликхӯриву оббозӣ мебарад. Дар  интернет-кафе ҳама саҳифаҳоямонро кушодем, ман дар «Одноклассники» саҳифа доштам. Абудуҷана маҷбур кард, ки суратамонро дар саҳифаамон гузорем. Мо ҳам дастури ӯро иҷро кардем. Баъд гуфт, ки акнун тамом, шумо дигар ба Ватан баргашта наметавонед, зеро шуморо зиндонӣ мекунанд.

 Пора шудани Давлати Чол

-Бори аввал кай ба амалиёт баромадед?

-8 рӯз дар ҳамон хона мондем. Баъан дар як мошини “Фура” мо 12 нафарро савор карда, гуфтанд, ки ба амалиёт меравем. Ду  ҷуфт пӯшок, соат, яроқ, 2- тоӣ магазини тир ва 3 -донагӣ граната доданд. Баъди 4 соат дар назди як хонаи лойӣ моро фароварданду чанд мошини майда омад, ки зарбхӯрдаву ҳатто бешиша буд. Мо 4 нафарӣ ба мошинҳо савор шудем. Давлати Чол дар назди ронанда, Абӯбарот дар пушташ, дар байн Абуҷаъфари шаҳритусӣ ва ман дар пушти ронанда нишастем. Он ҷо ҷанг буд, садои тиру таркиш аз чор тараф.  Баъди чанд лаҳзаи ҳаракат мошин якбора истоду ба мо ишора шуд,  ки давед. Касе ба ман нафаҳмонид, ки ба муқобили кӣ ҷанг мекунем, душманамон кист? Давлати Чол якум, Абубароти чечен баробараш Абуҷаъфари шаҳритусӣ аз пушт ва ман аз қафо медавидем, ки ин дам як шувваси сахт шуд. Моро ҳангоми таълим гуфта буданд, ки садои шуввасро, ки фаҳмидем, бо шикам хоб равем, зеро снаряди самолёт аст. Ман худро ба шикам партофтам, аммо дидам, ки снаряд дар мобайни Давлат ва чечен афтод ва онҳо пора –пора шуда, пош хӯрданд. Бачаи шаҳритузиро пушташ шикоф шуд, аз биниву гӯшам хун мерехт, аъзои баданам дард мекард. Баъди чанд дақиқа маро дида, омада бо мотосикл бурданд ва дар як подвал духтур маро муоина кард. Ҷавони шаҳритусиро оварданд, аммо ӯ ҷон дод.

 

Мантуи Гулмурод Ҳалимов

-Шахси маҷрӯҳ дар он ҷо чӣ кор мекунад?

-То муолиҷа ёфтан ба ҷанг намеравад. Баъди маҷруҳ шуданам маро боз ба Мавсил оварданд, ба ҳамон хона, аммо дар он ҷо боз 12 одами нав оварда буданд, ки 6 — 7 нафарашон аз як авлод, аз Исфара буданд. Рӯзи баъдӣ маро ба беморхона бурданд. Як ҷавони тоҷик, ки Доктор ном дошт, маро муоина карда гуфт, ки гӯшат равғани зайтун рез, баъд тоза мекунам. Кӯча баромадам, вақти намози ҷумъа буд, ба масҷид рафтам. Баъди баромадан аз масҷид ҳамон докторро бо як рафиқаш, ки Хаттаб ном дорад, вохӯрдам. Ӯ аҳволи маро пурсид ва пешниҳод кард, ки мантухӯрӣ равем. Мо ба як хона омадем, марде дароз кашида буд, пояш варам кардаву суп-сурх маҷрӯҳ, дар бағалаш як духтарча ва як кӯдаки дигар рӯйи хона бозӣ мекард. Он ҷо манту хӯрда, берун баромадем. Доктор маро пурсид, ки ӯро шинохтӣ?  Ман гуфтам, не.  Ӯ гуфт, ки ин мард полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Тоҷикистон буд, ки фирор карда, ин ҷо омадааст…

-Шумо пештар дар бораи Ҳалимов маълумот доштед?

-Не, аммо вақте ки дар хона будем, Абуталҳақ бегоҳиҳо омада Давлатро мебурд. Мегуфтанд, ки онҳо пеши полковник мераванд. Ман он рӯз фаҳмидам, ки полковник — Ҳалимов будааст.

-Баъди ин Ҳалимовро дидед?

-Бале, рӯзи дигар бегоҳ ӯ ба  хонаи мо омад ва бо суҳбат дошт. Гуфт, ки ман дар Тоҷикистон полковник будам, хонаву дару мошин ва рутбаву обрӯ доштам, аммо бубинед, ки ҳамаро ба хотири хидмат дар дин қурбон кардам. Шумо ҳам аз ман ибрат гиред, фикри падару модару хонаву дар накарда, фақат ҷанг кунед. Ӯ тоҷикиву русиро омехта гап мезад, ва ҳарфҳои тоҷикиашро чечен ба русӣ тарҷума менамуд…

 ДИИШ макони нашъаманду бачабоз…

-Фикри фирор ба сари шумо аз куҷо пайдо шуд?

-Аз аввал ман нияти гурехтан доштам, аммо роҳе пайдо карда наметавонистам, то ҳадде ки умедамро кандам. Як рӯз  ба интернет кафе рафта, бо як бачаи тоҷик вохӯрда, сӯҳбат кардем. Ӯ ба ман гуфт, ки ин ҷо на ислом аст, на ҷиҳод, балки макони фанду фиреб, ки ҳам бангӣ, ҳам бачабоз, ҳам наркоман ҷамъ шудаанд. Ӯ гуфт, ки дар фикри гурехтан  аст ва бо баҳонае, ки ҳамсараш омадаасту дар сарҳад қарор дорад, мегурезад, зеро роҳҳоро медонад.  Ман хона омадам, ки Абудуҷана онҷост ва ба мо хӯрок овардааст. Ба ӯ гуфтам, ки ака, оилаам омадааст ва мегӯяд, ки то маро зинда набинад, аз сарҳад намегузарад. Ҳамроҳаш бачаам низ ҳаст.  Ӯ ба ман гуфт, ки бозор рав, дар ошёнаи 2 -юм ҷойи иҷозатномадиҳӣ ҳаст. Ман рафтам, дарро кушодам, ки 3 кас нишастаанд, риши яке то ноф дароз. Ӯ тоҷик буд. Ба ӯ мақсадамро гуфтам.  Ӯ дар як қоғаз бо арабӣ чизе навишт ва 2 муҳр зад. Ба ӯ гуфтам, ки  ман роҳро намедонам. Ӯ дар варақ бо арабӣ чанд сатр навишта дода, гуфт, ки ба постҳо нишон деҳ, туро роҳбаладӣ мекунанд.  Хона рафта, либос ва ҳуҷчатҳоямро гирифта, ба пост омадам ва қоғазро нишон додам. Ӯ як мошини майдаро нигоҳ дошт. Баъди 4 соат ба як пости калон расидем, ки сарҳади Ироқу Шом буд. Дар он пост низ варақро нишон додам, яке аз масъулин маро ба як “Фура” савор кард ва то шаб ҳаракат кардем. Баъди ин маро ба як “старекс” савор карданду то сарҳад расидам. Байрақи Туркия аз дур намоён буд.

-Дар сарҳад ба шумо мушкилӣ пеш наоварданд?

-Шумо гумон мекунед, ки он ҷо гузаштан озод аст? Боз ба ман, ки саропо мусаллаҳ будаму либоси низомӣ ба тан. Дар пост ба як ҳуҷра даромадам, ки ду нафар як арабу як чечен он ҷо буданд. Бо русӣ мақсадамро гуфтам ва вақте ному насаби «занам»-ро талаб карданд, номи як занро гуфтам. Чечен ба куҷое рафта, баргашт ва гуфт, ки дар марз бо ин ном касе нест. Ӯ гуфт, ки рафта, дар ҳуҷраи кормандони амниятӣ истам ва то субҳ мунтазир шавам. Шаб пеш аз хоб хостам, ки ҳаммом кунам ва дар ҳаммом ҳуҷҷатҳоямро ба поям баста, баргашта хоб рафтам. Онҳо шаб сумкаи маро кофта, санҷидаанд, ки ҳуҷҷат дорам ё не… Субҳ боз рафтам, аммо дар пост як араби дигар буд. Ӯ аз ман чизе пурсид, посух гуфта натавонистам, ки дар ҳамин вақт чечен омад. Араб ҳадафамро пурсид, гуфтам, ки бо хоҳиши худам омадам барои ҷангу ҷиҳод ва зану фарзандамро интизорам.  Араб маро ба хонааш бурда, хӯрок дод ва калиди як хонаро дод, то омадани ҳамсарам он ҷо зиндагӣ кунам.  Ӯ яке аз сардорон будааст, шукр, ки ҳарфи зиёдатӣ аз даҳонам набаромадааст… Аз тирезаи хонаи ман пост намудор буд, ки дар як ҳуҷрача 2 нафар нигаҳбон буданд. Рӯзи сеюм ба наздашон рафта, шинос шудам. Як  нафарашон туркман ва нафари дигараш, ки тахмин аз 50 -сола боло буд, аз тоҷикони Самарқанд будаанд. Дар чанд рӯз бо онҳо ошно шудам ва тоҷики самарқандиро тағо гуфта, муроҷиат мекардам. Ӯ марди хубе буд. Баъди чанд ҳадафи аслии омаданамро ба тағо гуфтам. Ӯ гуфт, ки барои гурехтан танҳо Ҷаъфар кумак мекунад. Баъди чанд лаҳза як мотосикл омад, ки аз он як марди ланг пиёда шуд. Ӯ Ҷаъфари ӯзбек буд, ки тағоро барои ошхӯрӣ ба хонааш даъват мекард. Тағо узр пеш овард, ки дар пост аст ва пешниҳод кард, ки маро барад. Ман ба хонаи Ҷаъфар рафта, ош хӯрдем ва бо ӯ рафиқ шудем. Ба ӯ ҳам мақсадамро гуфтам. Вай гуфт, ки як араб ин корро анҷом медиҳад ва мо ба хонаи ӯ рафтем. Араб гуфт, ки 250 доллар диҳам, ӯ маро ба Туркия мегузаронад. Аммо ман ҳамагӣ 120 доллар доштам.

-Шумо аз куҷо чунин маблағ доштед?

— Араб баробари калиди хона ба ман як миқдор пули ироқӣ ҳам дод, ки ман онро дар нуқтаи пуливазкунии назди сарҳад бо доллар иваз кардам, ки он 120 доллар ва 30 сӯми ироқӣ шуд. Ман ба араб гуфтам, ки бо ҳамин маблағ кори маро буд кун, аммо ӯ розӣ нашуд. Ҷаъфар ҳам гуфт, ки пул надорад…  Араб ба ман роҳ нишон дод, ки субҳ ҳамроҳи мардуми маҳаллӣ аз сарҳад гузарам, аммо натавонистам. Туркҳо ҷониби мо тир холӣ карданд.

 Аз Мавсил ба Истанбул

-Пас чӣ гуна сарҳадро убур кардед?

 -Як рӯз ҳамроҳи Ҷаъфар ба бозор рафтем. Дар он ҷо бо доктор ва Хатаб вохӯрдам. Онҳо сабаб пурсиданд. Гуфтам, ки барои пешвози занам омадаам. Онҳо ба ҳуҷраи ман барои истиқомат омаданд. Як  рӯз доктор бо шӯхӣ пурсид, ки ту чӣ мақсад дорӣ, ман ҳам бо ханда гуфтам, ки гурехтаниам. Доктор гуфт, ки ӯ ҳам гурехтанист, аммо роҳашро намедонад. Ман гуфтам, ки арабе бо 250 доллар мегузаронад. Доктор гуфт, ки  4 000 доллар дорад, агар он арабаро пайдо кунам, якҷоя мегурезем. Ба воситаи Ҷаъфар арабро пайдо кардем, аммо ӯ рад кард. Гуфт, ки аз кораш огоҳ шуда, ӯро ду рӯз боздоштаанд ва ӯ дигар ба ин кор даст намезанад. Фақат ба мо роҳ нишон дод, ки бо зери хати барқ, ки аз Шом ба Туркия мегузарад, шабона сарҳадро убур кунем, зеро дар зери хати барқ мина намегузоранд.  Хулоса шабона Ҷаъфар бо мотосикл моро то симчӯб бурд ва як ӯзбеки дигарро ҳамроҳ карда гуфт, кӯшиш кунед, ки ба қафо бознагардед, вагарна ҳам ман, ҳам тағо ва ҳам шумо зинда намемонем. Мо бо шикам хазида- хазида аз сарҳад гузаштем. Дар сарҳади Туркия замини кишти ҷуворӣ буд. Дохили он даромада, либосамонро иваз кардем, силоҳамонро партофтем. Ман гранатаҳоро гӯр кардам. Аммо шарақ -шарақи ҷории хушкро сарҳадбонон фаҳмида, ҷониби мо тир холӣ карданд. Ману доктор ба як тараф Хаттабу ӯзбек ба тарафи дигар гурехтем. Хулоса, ба маҳали аҳолинишин расидем ва як дарвозаро кушода, дохили як дар даромадем, ки он ҷо ҳоҷатхона буд.  То субҳ он ҷо мондем, дасту рӯй шуста баромадем, ки дар паҳлуйи он хона шуъбаи полис воқеъ будааст. Аз онҳо гузаштем, ки каме болотар равем, қисми ҳарбӣ будааст. Ин вақт таксӣ омад, ки ҳамагӣ як мусофир – зан дошт, баъдан маълум шуд, ки ба қисми ҳарбӣ ба хабаргирии фарзандаш омадааст. Доктор  дар телефон чизе навишта, ба ронанда нишон дод, ӯ ҳам навишт, ки 100 долар. Ин «ок» навишт. Баъди чанд соати ҳаракат ба як вокзал расидем, аз он ҷо чиптаи ҳавопаймо гирифта, то Истанбул рафтем…

 Доми доктор ва фирор аз намози шом

-Пас, чаро чипта харида ба Тоҷикистон наомадед, балки дар Истанбул мондед?

-Аввал, метарсидам, ки маро ҳабс мекунанд. Дувум, маблағ надоштам. Дар Истанбул чанд рӯз мондем, доктор як ҳуҷра иҷора гирифт, як рӯз рафта бо фиреб аз бозор 6-7  ҷуфт ҷинсро гирифта, пулашро надод, бо фиреб ҷойи хоб гирифт. Як рӯз аз куҷое Хатаб пайдо шуда омад ва онҳо шабона бедарак шуданд. Пагоҳ баргашта ба ман гуфтанд, ки аз гурехтани мо дар Мавсил огоҳ шуда, моро шабона бозпурсӣ бурданд. Ҳар вақте меоянд, мо бояд баргашта равем. Ман ба ҳарос афтода, роҳи халосӣ аз инҳоро ҷустам. Фиребашон кардам, ки акаам ба ман пул фиристодааст, бояд рафта, аз назди метро гирем.  Дар метро моро кормандони амнияти Туркия боздоштанд ва ҳуҷҷат пурсиданд. Ман  нишон додам, аммо доктор ӯро фиреб карда, моро халос кард. Вақти бозгашт аз назди масҷид мегузаштем, ки азони намози бомдодро доданд. Ман пешниҳод кардам, ки намозхонӣ дароем. Чун вориди масҷид шудем, ҳама намозро оғоз карданд, дар вақти саҷда кардани ҳама ман гурехтам… Ҳамин тавр, дар Туркия мондам. Ба воситаи як ширкат кор пайдо кардам, аммо баъди якуним моҳ ҳуҷҷатҳоямро гум кардам. Бо полис муроҷиат кардаву аз Сафорати Тоҷикистон ҳуҷҷати муваққатӣ гирифтам ва зиёда аз як сол дар Истанбул мондам…

-Чӣ тавр ба Ватан баргаштед?

-Бо пайвандонам тариқи интернет робита пайдо кардам, онҳо гуфтанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон нафаронеро, ки бо хоҳиши худ ба Ватан бармегарданд, авф мекунад. Ман ҳам чипта харида, хона омадам, истироҳат карда, ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД муроҷиат кардам. Инҳо ҳам маро дарк карда, авф карданд…

-Чаро шумо хостед, ки рӯзгори шуморо нашр кунем?

-Мехоҳам, ки касе ба доми онҳо наафтад. Мисли ман даҳҳо нафар гурехта, имрӯз дар Русия, Туркия, Украина ва дигар кишварҳо қарор доранд. Ман ба онҳо муроҷиат карда, гуфтаниам, ки ба Ватан баргарданд, Ҳукумати мамлакат онҳоро авф мекунад. Имрӯз ман дар хона, назди падару модар ва зану фарзандам ҳастам. Дар зиндагии инсон ҳама гуна иштибоҳ рух медиҳад, муҳим ислоҳи саривақтии он аст.

Мусоҳиб Одили Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *