Бозгашти Шомаҳмудовҳо ба маркази Тошканд

Муҷассамаи даврони шӯравии як хонаводаи узбек, ки солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ 15 кӯдаки миллатҳои гуногунро ба фарзандӣ хонда буд, дубора ба макони аввалааш, маркази шаҳри Тошканд бармегардад.

Шаҳрдории Тошканд рӯзи 24 апрел гуфт, ҳайкали Шоаҳмад ва Баҳрӣ Шомаҳмудовҳо рӯзҳои наздик дар саҳни Кохи истиқлоли шаҳр насб мешавад.

«Ин муҷассама, ки рамзи дӯстии халқҳо аст, Тошкандро зеботар хоҳад кард. Он ба ваҳдат ва дӯстӣ миёни миллатҳои гуногуне даъват мекунад, ки дар пойтахт ҳамчун як хонавода ба сар бурдаанд», — омадааст дар иттилоияи шаҳрдории Тошканд.

Шомаҳмудовҳо дар солҳои ҷанг 15 кӯдакро ба фарзандӣ қабул карданд, ки дар миёни онҳо ятимони рус, қазоқ, тотор, белорус ва яҳудӣ низ буданд. Муҷассамаи ин хонавода соли 1982 дар маркази Тошканд қомат афрохт, вале соли 2008 он ба як гӯшаи шаҳр кӯчонида шуд. 9 майи соли гузашта муҷассамаро ба Боғи дӯстии Тошканд оварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *