Бозиҳои дўстонаи дастаҳои мунтахаби Ўзбекистону Тоҷикистон
Дастаҳои мунтахаби футзали Ўзбекистону Тоҷикистон дар Ҷиззах се бозии дўстона анҷом доданд, ки ду бозӣ мусовӣ ба охир расид ва дар як бозӣ соҳибони майдон пирўзӣ ба даст оварданд.
Дар вохўрии якум бозӣ бо натиҷаи 4:4 ба охир расид. Голҳои дастаи Тоҷикистонро Умед Кузиев, Баҳодур Хоҷаев, Идрис Ёров, Дилшод Саломов заданд. Бозии дуюм бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт, ки ҳарду голи Тоҷикистонро Бахтиёр Солиев зад.
Бозии сеюм бо пирўзии футзалбозони Ўзбекистон (5:1) анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо голи ягонаро Идрис Ёров вориди дарвозаи дастаи Ўзбекистон кард.
Барои дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозиҳои дўстона марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, ба ҳисоб мераванд. Дар Ҷоми Осиё дастаи мо дар гуруҳи «В» бо дастаҳои Баҳрайн (27-уми сентябр), Ўзбекистон (29-уми сентябр) ва Туркманистон (1-уми октябр) бозӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ