Бозиҳои Осиё мавқуф ва Бозиҳои наврасон лағв шуданд
Бозиҳои 19-уми Осиё, ки қарор буд аз 10 то 25-уми сентябри соли 2022 дар Ҳангжоу баргузор мешуд, ба далели аз байн нарафтани вазъи пандемӣ дар Чин ба таъхир афтод.
Қарор дар бораи мавқуф гузоштани бозиҳо пас аз муҳокимаҳои муфассал бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Ҳангжоу-2022 (HAGOC) дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Шўрои олимпии Осиё (ОСА) қабул шуд.
Бозиҳои осиёии наврасон, ки қарор буд аз 20 то 28-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Шантоуи Чин баргузор мешуд, лағв гардид.
Тибқи қарори OCA ном ва нишони Ҳангжоу-2022 сарфи назар аз таъхир бетағйир боқӣ мемонад. Санаҳои нави чорабинӣ ҳанўз бо OCA мувофиқа карда нашудааст, Кумитаи олимпии Чин ва HAGOC дар ин бора ояндаи наздик қарор қабул хоҳанд кард.
Бозиҳои осиёии наврасон — Шантоу-2021 дар ибтидо аз 20 то 28-уми ноябри соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд, вале ба далели COVID-19 ба моҳи декабри соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуд. Пас аз муҳокима бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукот, Кумитаи иҷроия OCA тасмим гирифт, азбаски Бозиҳои осиёии наврасон аллакай як маротиба ба таъхир гузошта шуда буд, лағв карда шавад.
Бозиҳои навбатии осиёии наврасон бояд соли 2025 дар Тошканди Ӯзбекистон баргузор шавад. Чорабинӣ аз соли 2013, вақте ки Нанҷинг мизбон буд, баргузор нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ