Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022: Темур Раҳимов соҳиби медали нуқра шуд
Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов имрӯз дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 аз намуди гӯштини ҷудо соҳиби медали нуқра гардид.
Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 аз намуди гӯштини ҷудо дар вазни +100 кг бо Магомедумар Магомедумаров аз Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат намуда, соҳиби медали нуқра гардид.
Темур Раҳимов дар даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 аз намуди гӯштини ҷудо дар вазни +100 кг ба муқобили Ким Минйонг аз Кореяи Ҷанубӣ бо имтиёзи вазарӣ пирӯз шуда, ба финал баромада буд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ