Бозиҳои зимистона-2022 бо пирӯзии Норвегия анҷом ёфт

Дар кишвари Чин, дар Варзишгоҳи миллии Пекин маросими анҷоми Бозиҳои 24-уми зимистонаи олимпӣ-2022 баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Норвегия бо 37 медал, ки аз он 16 медали тилло аст, дар ҷадвали Бозиҳо якум шуд.

Дар маросим президенти КБО Томас Бах парчами олимпиро аз раиси шаҳри Пекин Чен Тсинин қабул кард ва ба раисони шаҳрҳои Милан Ҷузеппе Сала ва Кортина Дампеззо Чанпетро Гедина супорид. Шаҳрҳои Милан ва Кортинаи Италия мизбони навбатии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар соли 2026 ҳастанд.

Бозиҳои 24-уми зимистонаи олимпӣ дар Пекини Чин аз рӯи 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) баргузор шуданд ва дар онҳо 2871 варзишгар аз 91 кишвар ширкат карданд.

Дастаи мунтахаби Норвегия ҳам аз ҳисоби шумораи медалҳо ва аз ҳисоби медалҳои тилло дар ҷои аввал қарор гирифт. Варзишгарони ин кишвар 37 медал (16 тилло, 8 нуқра, 13 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дастаи мунтахаби Олмон бо 12 медали тилло, 10 нуқра, 5 биринҷӣ ҷойи дуюмро гирифт, Чин бо 9 медали тилло, 4 нуқра, 2 биринҷӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Дастаи мунтахаби Русия бо 32 медал дар ҳисоби умумӣ дуюм, аммо аз ҳисоби медалҳои тилло нуҳум шуд. ИМА, Шведсия, Нидерланд, Австрия, Швейтсария ва Фаронса дар даҳгонаи аввал ҷой доранд.

Дар маҷмуъ, намояндаҳои 29 кивар аз 91 кишвари ширкаткунанда медал ба даст оварданд, аз ҷумла варзишгарони 23 кишвар ба гирифтани унвони чемпионӣ даст ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки намояндаҳои Тоҷикистон дар ин Бозиҳо ширкат накарданд, зеро ҳеч кадоме соҳиби роҳхати олимпӣ нашуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *